Баҳронова: ба сабаби вируси корона дар шаҳри Душанбе дархост ба такси 60 дарсад коҳиш ёфт

© из личного архива Тахмины БахроновойТахмина Бахронова
Тахмина Бахронова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳмина Баҳронова, роҳбари ширкати Atlas Taxi гуфт, чӣ тавр вируси корона ба кори таксиҳои шаҳри Душанбе хисорот ворид кардааст

Ба гуфтаи Баҳронова пас аз 20 март ба далели баста шудани роҳҳо, шумори дархостҳо ба такси коҳиш ёфтааст. Ниёз ба такси пас аз эълони Ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон якбора ба маротиб коҳиш ёфт.   

“Аксари ширкатҳо комилан ба фаъолияти фосилавӣ гузаштанд. Кори макотибу донишгоҳҳо дар шаҳри Душанбе низ қатъ шуд. Ин ҳама ба кори таксиҳо таъсир гузошт. Дархостҳо тақрибан 60 дарсад коҳиш ёфт. Ин раванд миёни тамоми ширкатҳои пойтахт мушоҳида мешавад. Ронандаҳое, ки аз бонкҳо қарздор буданд, зарари ҷиддӣ диданд. Аксари онҳо мошинҳои харидаи худро ба фурӯш гузоштанд, то аз ин вазъи мушкил роҳи наҷот пайдо кунанд”, - гуфт роҳбари ширкати Atlas Taxi Таҳмина Баҳронова ба Sputnik Тоҷикистон.

 

Бахронова: из-за коронавируса заказы такси упали на 60% по всему Душанбе

Вай таъкид дошт, ки дар шароити пандемия таксиҳо ба расонидани маводи ғизоӣ даст заданд, ки қаблан ин хизматрасонии иловагӣ ба шумор мерафт ва пардохти ҳаққи хизмати он алоҳида ҳисоб мешуд.

Министр здравоохранения Таджикистана Джамоллидин Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ таъкид кард, табобати беморони вируси корона комилан ройгон аст

“Ҳоло ба ҳама чизе лозим аст ва сокинон ба якдигар ҳар лавозимоте мефиристанд. Аз доруворӣ то либоса интиқол медиҳем. Ҳоло мо танҳо пули хатсайро ҳисобу китоб мекунем”, -  илова кард Баҳронова.

Роҳбари Atlas Taxi зикр кард, ки ширкат ронандаҳои худро бо ниқоб ва маводҳои антисептикӣ пурра таъмин менамояд. Ҳамчунин ширкат таксиҳои худро ҳамарӯза дезинфексия ё безарар мекунад.    

Баҳронова қайд кардааст, ки пандемия дар Тоҷикистон чанд моҳи дигар тӯл мекашад ва ба ҳамин хотир ширкат бо маркетологҳо барои ҷори намудани хизматрасониҳои нав гуфтушунид дорад.

Лентаи хабарҳо
0