Сабаб вируси корона: Ҷопон марзи худро барои шаҳрвандони Тоҷикистон баст

Ҳафтаи гузашта Вазорати умури хориҷаи Ҷапон эълон кард, ки вуруди шаҳрвандони 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ба хоки ин кишвар манъ мешавад

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳукумат ба хотири ҷилавгири аз паҳншавии вируси корона дар феҳрист шумори кишварҳое, ки вориди шаҳрвандони онҳо ба хоки ин кишвар манъ шудааст, афзоиш дод. Мақомоти Ҷопон ба ин феҳрист боз 11 кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистонро ворид кард.

Встреча министра образования и посла Японии в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯёни се донишгоҳи Тоҷикистон ба Ҷопон мераванд

Ба феҳристи аввал кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Аргентина, Силвадор, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва ғайра ворид карда шуд. Дар ҳоли ҳозир, дар ин феҳраст 188 кишвари ҷаҳон сабт шудааст. Ин феҳрист дар сомонаи расмии вазорати умури хориҷаи Ҷопон нашр шуааст.

Ҳафтаи гузашта нахуствазири Ҷопон “сатҳи хатар”-ро барои вориди шаҳрвандони 11 кишвари мухталиф боло бурд. Тибқи ин тасмим равуо барои  ин шаҳрвандон комилан мамнуъ хоҳад буд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт 11 март вируси корона ё Ковид-19-ро пандемия хонд. Тибқи омори ахири ин созмон дар тамоми ҷаҳон беш аз 5,3 миллион нафар гирифтори ин вирус шуданд ва беш аз 342 ҳазори дигар ҷони худро аз даст доданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала