Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Иҷозаи Ӯзбекистон барои вуруди семент аз Тоҷикистон

Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳукумати ҷумҳурии Ӯзбекистон иҷозатномаи воридоти семент аз хориҷ, аз ҷумла Тоҷикистонро дубора содир кардаст

ДУШАНБЕ, 27  май — Sputnik. Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон мегӯяд, содироти сементи ин кишвар ба Ӯзбекистон ба далели густариши коронавирус се ҳафта қабл мамнуъ шуда буд ва акнун имкони фурӯши ин маҳсули муҳими сохтмонӣ ба кишвари ҳамсоя дубора фароҳам шудааст.

Завод по производству ковров - Sputnik Тоҷикистон
Рушди соҳаи саноат новобаста аз коронавирус: ҳаҷми истеҳсол беш аз 15 дарсад афзоиш ёфт

Тибқи навиштаи хабаругзории "Парстудей", Ӯзбекистон яке аз муштариёни асосии сементи Тоҷикистон аст ва дар соли 2019 фурӯши наздик ба як миллион тонна сементи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон, барои Душанбе 50 миллион доллар арзоварӣ доштааст.

Тавлид ва содироти семент ҳар сол дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст ва дар соли 2019 дар ин кишвар чаҳор миллион тонна семент тавлид шуд, ки ҳудуди 400 ҳазор тонна бештар аз соли 2018 аст.

Манбаъ афзуд, соли гузашта мизони содиротии семент ба хориҷ аз кишвар як миллиону 500 ҳазор тонна ба арзиши 68 миллион доллар будааст.

Аз ҷумла соли гузашта Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 980 ҳазор тонна, ба Афғонистон 576 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон 80 ҳазор тонна семент содир кардааст.

Лентаи хабарҳо
0