Тӯраҷонзода дар бораи фавтидагон ва маризони “вируси корона”

© Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, руҳонии саршиноси тоҷик, мегӯяд, ҳадисҳои саҳеҳ аз Паёмбари ислом (с) мавҷуданд, ки фавтидагони замони эпидемияро шаҳид хондааст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода гуфт, дини ислом дар боби қурбониён, гирифторон ва қонуни қавоиди беҳдоштии замони густариши маризиҳои вогир ё эпидемия ҳанӯз 1400 сол пеш бар асоси ҳадисҳои Паёмбар Муҳаммад (с) ҳукмҳои худро ҷорӣ кардааст.

Представитель ВОЗ в Таджикистане Галина Перфильева - Sputnik Тоҷикистон
Галина Перфилиева аз вазифа барканор шудааст

Тураҷонзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки “вируси корона” ҳам ба қатори вабову тоун маризии фарогир ё вогир буда, дар замонаҳои Паёмбар (с) шуюъ мекарданд.

Вай дар боби фавтидагон ду ҳадисеро мисол овард, ки саҳеҳ буда, аз сӯи Имом Бухориву Имом Муслим ривоят шудаанд: яке, “Шаҳодату уммати фи тоун” – “Шаҳодати уммати ман дар тоун аст” ва дигарӣ, “Дуъия ал-матъуну шаҳидан” - “Касе ки ба маризии тоун мемирад, ӯ дараҷаи шаҳодат мебарад”.

Азоби Худост ё раҳмат? шарҳи Тӯраҷонзода

“Паёмбар (с) мегуфтанд, ин як навъ азоби Худост, барои ҳар уммате, ки Худо хоҳад, мефиристад, аммо барои бандагони муъмин раҳмат аст. Манзур ин буд, ки худро қарантина карда, амали савоб анҷом диҳед, агар Худованд ба мо тақдир карда бошад, ба ҳамин беморӣ ҳалок мешавем, аммо агар тақдир накарда бошад, қазояш нарафта бошад, сад “вируси корона” – ву тоуну ҳар вабои дигар бошад, дар комаш ҳам ки бошем, ҳалок намешавем. Бояд ба ҳамин чӣ эътиқод дошта бошем. Ҳамин эътиқодро дошта бошеду мариз шаведу намиреду зинда ҳам монед, шумо савобу аҷри шаҳидро мегиред. Дар сурати фавтидан аз ин беморӣ, он гоҳ бандаи Худо шаҳид мешавад, фармудаанд Паёмбари ислом (с)”, - гуфт Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода.

Саидмукаррама Абдулқодирзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Ба дуо бошед": муфтии Тоҷикистон дар бораи гирифториаш ба COVID-19

Дар боби қарантина руҳонии саршиноси тоҷик мегӯяд, дар асри Паёмбари Ислом (с) дар Мадинаи мунаввара вабо ё табларза, ки ҳуммо мегуфтанд, иттифоқ афтода буд ва аз он айём ин ҳадис аз эшон дар “Саҳеҳайн” – и Имом Бухорӣ ва Имом Муслим нақл шудааст:

“Чун аз маризии вабо дар як сарзамин хабар ёфтед, агар дохил бошед, хориҷ ва агар хориҷ бошед, дохил нашавед”.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода дар такя ба манобеъи таърихӣ ин қиссаро меорад, ки як маризии вогир ё эпидемияи тоун низ дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (634 — 644) дар Шом (Сурияи имрӯз) иттифоқ афтода, мӯҷиби фавти 17 ҳазор нафар, ба шумули саҳобагони Паёмбар (с) шудааст.

Шумо аз қазои Худо мегурезед? Суол аз Умар, ки вориди минтақаи эпидемия нашуд

Бино ба ин манобеъ, он замон нерӯҳои хилофат барои забти Сурия, ки таҳти султаи Императории Византия буд, меҷангиданд ва халифа Умар соли 635 барои ошноӣ бо ҷабҳаи ҷанг аз Мадина озими Шом мешавад, аммо дар марз ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки аз роҳаш баргардад.

Пробирка с тестом на коронавирус в руках  - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши теъдоди маризони COVID - 19 дар Тоҷикистон: омори тозаи Вазорат

“Амирони лашкар ба истиқболи он кас баромаданд ва дар марзи Шом ба он кас хабар доданд, ки дар ин мулк тоун омадаву ҷони хеле аз мардумро рабудааст. Ҳазрат саҳобаҳоро ҷамъ карда, ба маслиҳат нишастанд, ки ворид шаванд, ё на. Ихтилофи назар шуд, чун ҳадиси Паёмбар (с)-ро бархе саҳобаҳо нашунида будаанд. Мегуфтанд, ки чун аз ҳамин қадар роҳ омадед, вориди Шом нашавед, кори хубе намешавад. Бархе гуфтанд, на, ҳаёти Шумо барои ҳифзи хилофат муҳим аст, агар гирифтор ва шаҳид шавед, хилофат нуқсон мебинад. Ба як хулоса намерасанд. Фардои он рӯз яке аз саҳобаҳо Абдураҳмон ибни Авф, ки дар он машварат набуд, ҳозир шуд ва гуфт, ки шахсан аз Расули Акрам (с) ин ҳадисро шунидааст. Ҳазрат гуфтанд, чун Паёмбар (с) гуфта бошанд, мо ҳам аз роҳ гаштем. Яке аз саҳобаҳо гуфт, ё амиралмуъминин, Шумо аз қазои Худо мегурезед? Ҳазрат гуфтанд, ки бале, мо аз қазои Худо ба сӯи қазои Худо мегурезем. Он тараф ҳам қазои Худост. Ҳар чӣ муқаддар карда бошад, ҳамон ба сарамон меояд”, - қисса мекунад руҳонии тоҷик.

Тӯраҷонзода дар бораи қарантина ва фосилаи иҷтимоӣ

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода мегӯяд, азбаски эпидемия ё маризиҳои вогир дар таърихи башар зиёд иттифоқ меуфтоданд ва рушди илми тиб ба дараҷае, ки дар замони муосир аст, набуд, воқеиятҳо собит месозанд, ки асли ҳама гуна тадобири беҳдоштӣ дар он замонҳо вуҷуд дошт.

“Қарантинае, ки ҳоло дар дунё ҳаст, 1400 сол пеш олами ислом ҷорӣ карда буд. Агар мардум аз кишваре, ки “вируси корона” сар зада буд, хориҷ ва ё он ҷо дохил намешуданд, ҳоло мо шоҳиди чунин фоҷиаҳо набудем. Паёмбари ислом (с) як ҳадиси дигар ҳам доранд: “Фирр мин ал-ҷузом, фирорака мин ал – асад” – “Аз касе, ки бемории ҷузом (бодхӯра, ки гӯшти баданро мехӯрад) дорад, мисле ки аз шер бошад, гурезед!” Ин ҳам далели фосилаи иҷтимоӣ! Ҳоло он чӣ дар бораи фосилаи иҷтимоиву қарантинаи хонагӣ аст ё кишварӣ, назофату беҳдоштиву гигиена, дасту биниро шӯеду тозагиро риоят кунед, мегӯянд, ҳама асли исломӣ доранд”, - гуфт руҳонии саршиноси тоҷик.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода аз хонаводаи маъруфи Тӯраҷонзодаҳо, руҳониёни маъруфи тоҷик ва устоди улуми динӣ аст. Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, намояндагони дигари маъруфи ин хонавода ҳастанд

Лентаи хабарҳо
0