Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Талоши табибони Исфара барои ҳифзи саломатии Шукрона, ки дар марз тир хурд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанОткрытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото
Открытие нового здания хирургии в районе Шахристан, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Табибони бемористони марказии шаҳри Исфара талош доранд, дар пайи роҳандозӣ намудани ҷарроҳӣ захмҳои аз тир бардоштаи Шукрона Шароповаро тадовӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Ба гуфтаи манобеъ, Шаропова аз дирӯз ба ин тараф дар шуъбаи эҳёгарии бемористон қарор дорад ва дар назар аст табибони шаҳри Исфара барои наҷоти ӯ аз захми тир имрӯз то пагоҳ амалиёти ҷарроҳиро ба иҷро расонанд.

Бино ба хабари расмӣ Шукрона Шаропова (Муътабархонуми Зуҳриддин) сокини 25 солаи маҳаллаи Қақири ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ мебошад, ки дирӯз соати 11:55 дақиқа аз сӯи шаҳрванди Қирғизистон дар марз аз зарби тир маҷруҳ шуд.

Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ором: мақомот интизори ҷазои ҷинояткорон аст

Ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон ин ҷавонзани тоҷик аз ноҳияи рости тахтапушташ захмин шудааст. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ дирӯз бо нашри як изҳорот рухдоди тирпарронӣ дар марзро шарҳ дода, гуфтааст, ки дар ин кор шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой муқассир аст.

"Ин амали иғвоангезонаи сокини ҶҚ нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад", - омадааст дар иттилоия.

Баъди рухдоди ҳодиса, дирӯз мақомоти расмии ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.

Шукрона Шаропова ҳоло дуюмин нафарест, дар сарҳади миёни Исфара бо Қирғизистон захмин шуда ва зери тадовии духтурон қарор дорад. Қушунҳои сарҳадии КДАМТ рӯзи 24-уми май аз захмин шудани пойи сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 дар пайи як муноқиша бо сарҳадбонони қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара хабар дода буд.

Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон
Тирпаронӣ дар марз: КДАМ гуфт, марди қирғиз ҷавонзани тоҷикро паронд

Бар пояи иттилоъи мақомоти Тоҷикистон, ин муноқиша тавре рух додааст, ки шуморе аз қирғизҳо бар хилофи созишномаҳои қаблан ба имзо расида вориди минтақаи то ҳол аломатгузоринашудаи қаламрави Тоҷикистон шуда, бо сокинони наздимарзии шаҳри Исфара ҷанҷол барангехтаанд.

"Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд. Дар натиҷаи тирпаронии сарҳадбонони қирғиз, сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр Миронбекович, соли таваллудаш 2001 аз пояш захм бардоштааст", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

Ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон, ҳоло вазъи саломатии ин сарбози тоҷик хуб шуда, ӯ аз шуъбаи эҳё ба шуъбаи осебшиносии бемористон интиқол ёфтааст. Ҳоло ин чандумин мавриди захминшавии сокинон дар муноқишаҳои чанд вақти охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳисоб меравад.

Фазлиддин Фозилови 37 сола ҳам яке дигар аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ аст, ки то рухсат шудан ба манзилаш, чанд рӯзро барои тадовии захмҳояш дар бемористон сипарӣ кард. Ӯ дар муноқишаи марзии рӯзи 8-уми май аз тири яроқи шикории марзбонони қирғиз захм бардошта ба бемористон интиқол дода шуд.

Дар ин рӯз ба ҳисоби Фозилов, Аёмиддин Шарипов сокини 49 солаи Чоркӯҳ ҳам ҳадафи сангпартоии қирғизҳо қарор гирифту чанд ҷои сараш аз зарби сангандозии қирғизҳо лат бардошт ва баъди интиқолёбӣ дар бемористон осори санг дар баданаш бартараф шудааст.

Пограничник. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ Тоҷикистон сабаби тирпарронӣ дар марзро гуфт

Тавре қаблан, Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ин ихтилоф дар марз бо қирғизҳо дар ҳоле сар мезанад, ки сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Бодканд "худсарона ва дидаву дониста" ба марзи Тоҷикистон, заминҳои саҳроии маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, 60 сотих замини як қитъаи 4 гектараро, ки ҷуворимакка кишт шуда буд, ғасб кардаанд.

Дар идомаи муноқиша, ба қавли ҳамсӯҳбати мо, тақрибан соати 17. 05 – и бегоҳии рӯзи 8 май, аввалан миёни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадӣ ҷанҷоли лафзӣ сурат гирифт, ки баъдан ба сангпартоӣ табдил ёфт ва дар натиҷа Саймиддин Шаропов аз сар ҷароҳати сахт бардошта, ба шифохона интиқол ёфт.

"Аммо дар як фурсати кам зиёда аз 80 сокини ноҳияи Бодканд таҳти пуштибонии неруҳои марзбонии Қирғизистон ва 10 милитсионери қирғиз муноқишаро тақвият бахшида, бо истифода аз силоҳи шикорӣ ба сӯи сокинони Қуммазори Исфара тир кушоданд. Дар натиҷа Фазлиддин Фозилов ҷароҳати вазнин бардошта, ба беморхонаи шаҳри Исфара интиқол дода шуд”, - гуфта буд, Иқбол Тешаев.

Тайибаю Шукрона ҳамсинфони ҳамтақдир: ҳар ду дар марз тир хурдаанд.

Аммо тирхурии Шукрона дар пайи муноқишаи марзӣ дар ҳолест, ки ахиран Тайиба Сафарова, як ҷавонзан ва ҳамсинфи мактабии ӯ низ дар моҳи декабри соли 2019 аз тири шикории ҷониби қирғизҳо маҷрӯҳ шуда буд.

Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон
Вазъият дар марз мӯътадил аст: 10 май гуфтушуниди ду ҷониб баргузор мешавад

Дар шарҳи ҳодисаи захминшавии ин сокини он замон 24 солаи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мақомот гуфта буданд, ки "Тайиба Сафарова тақрибан соати 9:45 дақиқа аз хона барои овардани об баромада, ҳадафи тири камони шикорӣ қарор гирифтаст. Тир аз хонаи Файзулло Назаров, сокини деҳаи Қоқ-тоши Қирғизистон холӣ карда шудаст".

Тайиба Сафарова ҳамроҳ бо Шукрона Шаропова дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 25 и ҷамоати Чоркӯҳ таҳсил кардаанд. Аз он замон то ин ҷониб рухдоди муноқишаҳои марзиро як амали иғвобарангезонаи ҷониби қирғизҳо маънидод мекунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон ду ҳамсоякишвар, ки то ба ҳол ба тақсими одилонаи хатти марз комёб нашудаанд. Даҳҳо километри марз миёни ин ду кишвар то ба ҳол муайян ва аломатгузорӣ нашуда боқӣ мондааст. Чунин номуайянӣ, то ин дам ба рухдоди муноқишаву танишҳо бар сари тақсими замину об дар марз боис шудааст.

Лентаи хабарҳо
0