Нафаре, ки рӯзноманигор Ғурбатиро кӯфт, худро “раиси ҷамоат” гуфтааст-акс

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори Asia-Plus, бори дуюм дар моҳи равон мавриди латукӯби афроди номаълум қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки барои таҳияи гузориш дар бораи осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон қарор доштааст, имрӯз боз латукӯб кардаанд.

Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Парванда барои латукӯби рӯзноманигор Ғурбатӣ: ВУД гуфт, тафтишотро роҳбарият назорат дорад

Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли Ғурбатӣ навиштааст, ҳангоме рӯзноманигор наздики хаймаи осебдидагон омад,  мошини  "Opel" наздаш қарор гирифтаст. Чанд нафар аз мошин берун шуда, дарҳол ӯро дар фитнаангезӣ муттаҳам кардаанд, хабар додаст Ғурбатӣ.

"Раис" заду дигарон тамошо доштаанд

“Фаҳмондам, ки рӯзноманигораму барои таҳияи гузориш омадам, аммо онҳо маро гӯш накарданд ва яке ба кӯфтанам сар карду дигарон тамошо доштанд. Нафаре, ки зад, худро раиси ҷамоат муаррифӣ намуд”, - нақл кардаст рӯзноманигор.

Ҳамкасбони рӯзноманигор латукӯби Ғурбатиро маҳкум карда, онро ҳамлаи ошкоро ба озодии сухан хондаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол қазияи латукӯби дигарбораи рӯзноманигорро шарҳ надодаанд.

Абдуллоҳи Ғурбатӣ, 11 май низ соатҳои тахминан 21:30 дар наздикии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе аз ҷониби ду нафар мавриди ҳамла қарор гирифта буд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ барои латукӯби рӯзноманигор Абдуллоҳи Ғурбатӣ хабар дода, афзуда буд, ки таҳқиқи қазия таҳти назорати роҳбарияти ВУД қарор дорад. Аммо то ҳол, бо гузашти ду ҳафта аз оғози парвандаи ҷиноӣ, дар бораи омилони латкӯби рӯзноманигор иттилое ироа нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала