Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Шифои академик Фелалиев, собиқ ноиби раиси парлумони Тоҷикистон аз коронавирус-акс

Академик Акрамшо Фелалиев, ки мубталои касалии каронавирус шуда, дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи касалиҳои сироятиии маҳаллаи Зарафшон бистарӣ шуда буд, шифо ёфта, мураххас шудааст

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Академик Фелалиев ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳаққаш дуои хайр кардаанд, сипос гуфт, хабар дод Муҳаммад Султон, рӯзномнигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш.

Ӯ миннатдории алоҳидаеро ба мудири шӯъбаи эҳёи касалиҳои сироятии беморхонаи маҳаллаи Зарафшон, Исломов Нурулло баён доштааст, ки бо кордонӣ, дониш, малакаву салиқа ва муносибати ғамхоронаву меҳрубононааш нисбати беморон шӯҳрат ёфтааст.

Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дар даъватҳои гузаштаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41 вакил интихоб шуда, мақоми муовини роҳбари Маҷлиси намояндагонро ба уҳда дошт.

Фелалиев 62 сол дошта, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро  соли 1982 бо  ихтисоси биолог хатм кардааст.   

Аз соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буда, тайи ду даъвати охир, то моҳи марти соли равон дар вазифаи муовини раиси Маҷлиси намояндагон кор мекард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала