Боздошти собиқ нозири барқ: аз вазифа рафту, аммо пули сокинонро мегирифт

Пулиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар пайи коркарди ахбороти оперативӣ корманди собиқи шабакаҳои барқии ҳамин ноҳия барои азхудсозии маблағи истифодабарандагони барқ боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати умури дохила дар Суғд дар пайи шикояти шаҳрвандон Улуғбек Бегиҷонови  41 сола барои қаллобӣ ва фиреби сокинон боздоштшудааст.

Взятка медику, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ду масъули идораи барқ: талаби ришваи 20 ҳазор сомонӣ барои трансформатор

Бино ба иттилои манбаъ, Бегиҷонов собиқ назоратчии шабакаҳои барқи ҳамин ноҳия баъди аз вазифа рафтан низ маблағи истифодабарандагони барқро гирифта ба фоидаи худ сарф мекардааст.

Манбаъ мегӯяд собиқ нозири шабакаҳои барқ замони фаъолияташ маблағи сокинонро ба суратҳисоби Барқи тоҷик нагузаронида баъди аз кор рафтан низ худро назоратчии фурӯши барқ муаррифи карда даст ба мардумфиребӣ задааст.

Ӯ ҳамчунин ба боварии муштариён даромада, бо ваъдаи мусоидат кардан дар пардохти кам нисбат ба оне, ки ҳисобкунаки барқӣ ҳисоб кардааст, маблағ ба даст оварда ба фоидаи худаш сарф кардааст.

Дар навори гузориш яке аз зарардидагон гуфт, ҳисобкунаки барқияш 30 ҳазо кор кард, аммо Бегиҷонов бо ваъдаи он ки корро бо 8 ҳазор ҳал мекунад, пулро гирифту корро накард.

Номбурда,  ҳамчунин барои аз саҳни ҳавлиҳо ба берун кучонидани симчубҳо ва гирифтани иҷозатномаи соҳибкорӣ аз сокинон пул мегирифтааст.

 

Гуфта мешавад, қаблан низ дар давоми фаъолияташ ӯ ду маротиба барои азхудсозии маблағҳо суд шуда буд, аммо дубора ба ин вазифа роҳ ёфту боз корашро такрор кард.

ВУД мегӯяд, нисбат ба гумонбар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида аз рӯйи шикояти сокинон тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала