Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Файзов ба аёдати маризони коронавирус рафт ва аз шароити бади беморхона дидан кард - акс

© Facebook / Голиб НиятбековЁдгор Файзов, председатель ГБАО
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов барои аёдати маризони коронавирус ба Беморхонаи марказӣ рафт

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо мақсади аз наздик шинос шудан аз вазъияти беморони гирифтори маризии коронавирус ба Беморхонаи вилоятӣ рафт, хабар медиҳад котиботи раиси вилоят.

Ба иттилои манбаъ, Файзов аз вазъияти Беморхонаи вилоятӣ дидан намуда бо беморон суҳбати ошкоро доир намуд.

"Маризон аз шароити беморхона аз ҷумла кам будани теъдоди ҳоҷатхонаҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани рахти хоб ва норасоии гармкунакҳои барқӣ шикоят намуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, раиси вилоят ба маъсулини тандурустии вилоят ва раёсати молияи вилоят супориш дод, дар кӯтоҳтарин муддат ин камбудиҳоро бартараф намоянд.

Ба изҳори беморон, табобат дар беморхонаи мазкур ройгон сурат мегирад ва аз лиҳози дастрасӣ ба маводи доруворӣ танқисӣ намекашанд.

Председатель ГБАО Ёдгор Файзов - Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов аз беморхона мураххас шуду ба ноҳияи Рӯшон сафар кард
Манбаъ меафзояд, пас аз беҳ шудани вазъият дар вилоят ва мураххас шудани ҳамаи маризони коронавирус Дармонгоҳи вилоятӣ ба таъмири капиталӣ фаро гирифта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл блогери маҳаллӣ Комчик Мирзоев бо нашри як навор аз дохили беморхонаи мазкур шароити тоқатфарсо ва аҳволи бади маризонро нишон дод.

Аммо пас аз пахши ин навор кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз блогер дархост намуданд, ки наворро аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирад. Вале ба ҳар сурат корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай навори чандлаҳзаинаро байни гурӯҳҳои иттилоотӣ паҳн намуданд.

Пахши ин навор аз шароити бади Беморхонаи марказӣ сару садоҳои зиёдеро барангехт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала