Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Интиқоди Фирӯза Шарифӣ аз занони Хатлон: ба азо бе ниқоб ва риояи фосила мераванд

© акс аз саҳифаи фейсбукии Носирҷон Маъмурзода, мақомдори ҳукумати ХатлонФирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, аз занони минтақа интиқод кардааст, ки ҳангоми иштирор дар маъракаҳои азодорӣ қоидаҳои муаянгашта барои пешгирии коронавирусро риоя намекунанд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон, номбурда ин нуктаро зимни ҷаласаи ахири ситоди вилоятӣ изҳор карда, гуфтааст, ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва дар маросимҳои азодорӣ иштирок намудани наздикони майит дар ноҳияҳо дар пайи як санҷиш муаян шуд.

Школьники - Sputnik Тоҷикистон
Имтиҳонҳо доир намешаванд: қарори нави ситоди коронавирус дар Тоҷикистон

“Санҷиш муайян намуд, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи занон ба хонаи фавтидагон рафта, бе риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб иштирок мекунанд, ки сабаби афзоиши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла паҳншавии коронавирус шуда метавонад”,-гуфтааст муовини раиси вилоят.

Ба таъкиди ӯ, чунин камбудиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён ва Вахш ба қайд гирифта шудаанд.

Хонум Шарифӣ гуфтааст, бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда, ҳанӯз ҳам корҳои оммафаҳмонӣ бояд пурзӯр карда шуда, аҳамияти риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатӣ ба аҳолӣ бештар шарҳу тафсир дода шавад.

Ба иттилои манбаб, аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ 34 ҳазор манзили зист бо истифода аз маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ поксозӣ шуда, дар воридгоҳи тамоми иншоотҳо саддҳои безараргардонӣ гузошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала