“Занма рӯз намедиҳад”: чаро Холалӣ падарашро кушт-видео

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши видеоӣ тафсилоти бештари марги падар аз ҷониби писарро дар ноҳияи Вахш ироа кард

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, маъмурини милиса Тӯхтаев Холалӣ, сокини 35 - солаи ноҳияи Вахшро барои даст доштан дар марги падараш, Тӯхтаев Холбобои 58 – сола боздошт кардаанд.

Манбаъ афзуд, Холалӣ ба далели он, ки падараш қаблан зани 30-солаашро латукӯб кардааст,  шаби 28-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, ӯро бо офтоба чанд бор задааст. Дар натиҷа падари маҷруҳ дар беморхона ҷон додааст.

Писари муттаҳам дар гузориши видеоӣ изҳор медорад, ки “занма рӯз намедиҳад. Задай, кӯдаки майдаакима тарсондай. Боз занам ҳаштмоҳа ҳомиладорай. Ғам медиҳад, аз хона буро мегӯяд”. Ӯ илова намуд, ки бо офтоба чанд бор ба сари падараш зад.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона  ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала