Афзоиши мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон: ба чор ҳазор наздик шуд

© © SPUTNIK / ДИЛЬШОДА РАХМАТОВАЖители Узбекистана в защитных масках
Жители Узбекистана в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Айни замон дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар ин кишвар давоми шабонарӯзи гузашта боз 26 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣ сабт гардид, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон.

Пробирка с тестом на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Нури лазерӣ: Ғуломов дар бораи усули нави табобати COVID - 19, ки дар худ санҷидааст

Бо илова шудани 26 мавориди ҷадид, шумораи умуми дардмандон ба 3 965 нафар баробар шуд.

Гуфта  мешавад, ба қарибӣ дар ҷумҳурӣ 96 ҳолати нави COVID-19 ва снаи 3 июн - 83 нафар бо нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, ҳоло дар Ӯзбекистон 862 беморони гирифтори COVID-19 табобат мегиранд, нӯҳ нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва як нафар дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дорад

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Ӯзбекистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.

Ҳукумати Ӯзбекистон сар аз пайдоиши ин беморӣ дар ин кишвар чораҳи қатъӣ аз ҷумла қарантинаро роҳандозӣ кард.

Мубориза бо КОВИД-19: дар Бӯстон маҳлули хлор тақсим мекунанд

Ба наздикӣ мақомоти Ӯзбекистон қарантинро дар ҷумҳурӣ то 15 июн тамдид карданд, аммо дар минтақаҳое шуюи коронавирус паст гаштанд аз 1 июн ба нуқтаҳои маишӣ ва гузаронидани тую маъракаҳо иҷозат дода шуд.

Ҳамчунин, аз 18 май инҷониб равуои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва дигар минтақаҳои Ӯзбекистон барқарор карда шуданд.

Аз 8 июн, дари мосоҷид ва дигар ибодатгоҳҳо ба рӯйи сокинон кушода хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0