Фармони президентро буҷа мебардорад? Шарҳи Шариф Раҳимзода

© Sputnik / Амир ИсаевШариф Рахимзода. Архивное фото
Шариф Рахимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иқтисодшиноси маъруф имкониятҳои молиявӣ барои иҷрои фармони зиддибуҳронии президенти Тоҷикистонро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳо, дар гузашта раиси Бонки миллӣ ва вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, фармони президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон агарчи пурра дар тавони буҷа буда наметавонад, манобеъи дигари молиявие вуҷуд доранд, ки онро пӯшанд.

“Иттилои дақиқи иҷроиши буҷа то нимаҳои моҳ маълум мешавад, аммо метавон ҳадс зад, ки кор накардани манобеъи даромад, бахусус соҳибкории хурду миёна, таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт. Аммо вақте ҳукумат тасмим мегирад, ҳатман ҳисобу китоби худро дорад. Аз ҷумла мо дар Бонки миллӣ захираҳои асъорӣ ва пасандозҳои муайян дорем. Кӯмакҳои ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ низ ихтисос ёфтаанд, ки эълон хоҳанд шуд”, - гуфт Шариф Раҳимзода.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Президент барои оилаҳои муҳоҷирон кӯмакпулӣ ҷудо кард: боз киҳо ва чандпулӣ мегиранд?

Фармони ахири президенти Тоҷикистон дар баробари табобати ройгони маризони СOVID-19, кӯмаки яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (400 сомонӣ) ва иловапулӣ ба кормандони соҳаи тиби машғул бо ташхис ва табобати маризони СOVID-19, аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсияро аз пардохтҳои андозӣ таътил мекунад.

Бино ба ин фармон, се моҳ – аз 1 май то 1 августи соли равон субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод мешаванд.

Ин фармон дигар суҳулатҳоеро низ пешниҳод мекунад, ки бояд аз сӯи ҳукумат ҷуброн шавад. Харҷи ин имтиёзҳо ва барномаи зиддибуҳронӣ чӣ қадар хоҳад буд, дақиқ нест.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Фармони президент: киҳо аз андоз озод шуданд?
Соҳибкории хурду миёна, тибқи иттилои расмӣ, 70% ММД ва 67% аҳолии кишварро машғул медорад ва андози он 78% буҷаи миллиро таъмин мекунад.

Тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, соли гузашта нақшаи андоз (11 миллиарду 120 миллион сомонӣ) 96,1% 450 миллион сомонӣ кам иҷро шуд. Ин ҳам аз ҳисоби андозсупорандагони калон буд, ки нақшаро 67% иҷро карданд.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, захираҳои арзиву тиллоии Бонки миллии Тоҷикистон дар оғози соли 2020 1 миллиарду 479 миллион долларро ташкил медод.

Пас аз пеш омадани буҳрони иқтисодӣ дар пайи пандемияи СOVID-19 дар ҷаҳон, тибқи иттилои дарёфтӣ, Тоҷикистон барои эҷоди эътидоли иқтисодӣ муваффақ шуд, ки 189 миллион доллар қарзи бефоиз аз Сандуқи ҷаҳонии пул дарёфт кунад.

Фармони Раҳмон: нархи неруи барқ, об ва алоқа то охири соли 2020 баланд намешавад

Як манбаъ дар ниҳодҳои молиявӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳамчунин музокирот бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки таҷдиду тавсеаи Аврупо ва ғайра дар ҳоли ниҳоӣ шудан мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0