Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

ВКД: Писар падари 63-солааашро бо корд зад

© Flickr / Mr Korn FlakesKnife
Knife - Sputnik Тоҷикистон
Писари 33 сола, ки бо падари худ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди ҳоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задааст аз сӯи кормандони милитсия дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 33 соларо, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд барои сӯиқасд ба ҷони падари худ боздошт шуд.

Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Кордкашӣ дар Шӯробод: марди 63-сола ба қисмати чапи қафаси синаи ҳамшаҳрияш корд задааст

Тавре манбаъ қайд кардааст, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 63-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 3-юми июни соли равон, дар хонаи истиқоматиашон бо писараш муноқиша ба миён омад.

“Бинобар сабаби муноқишаи ба миён омада писараш, марди 33-солаи сокини ҳамон ҷо, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шуда буд, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди ҳоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задааст”, - таъкид дошт ВКД.

Ҳамзамон манбаъ қайд кард, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ карда шудааст.

Кормандони милитсия пойтахт аз руи ин ҳодиса тафтишотро идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала