Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

"Тӯй ва азодорӣ мераванд": Қирғизистон аз эҳтимоли шадид шудани тадобир ҳушдор медиҳад

© © Sputnik / Тимур БатыршинУчения спецслужб аэропорта по подготовке возможному прибытию инфицированных коронавирусом, в аэропорту Алматы.
Учения спецслужб аэропорта по подготовке возможному прибытию инфицированных коронавирусом, в аэропорту Алматы.  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, бо вуҷуди тавсия ва ҳушдори мақомот шаҳрвандон ҳамоно тӯй мегузаронанду ба азодорӣ мераванд

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik.  Тадобире, ки алайҳи пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус ҷорӣ гардида буд, аз ҷониби аксар шаҳрвандони Қирғизистон риоя намешаванд, изҳор доштааст муовини аввали сарвазир Кубатбек Боронов.

Медсестра ухаживает за пациентами в больнице - Sputnik Тоҷикистон
Фавти як дардманди дигари коронавирус дар Қирғизистон: шумораи қурбониён ба 17 расид
Ба изҳори Боронов, дар сурати идома ёфтани чунин вазъ, эҳтимол маҳдудиятҳо боз сангинтар шаванд.

"Вазъи эпидемиологӣ дар Бишкек метавонад боиси баррасии чораҳои иловагии амниятӣ ё пурзӯр шудани онҳо гардад", - таъкид намудаст муовини аввали сарвазир.

Сабаб коронавирус: Қирғизистон тадбирҳои амниятӣ дар марз бо Тоҷикистонро шидидтар кард

Риоя нашудани қоидаҳои санитарӣ аз ҷониби шаҳрвандонро намояндагони Вазорати тандурустӣ низ тасдиқ намуданд.

Дар ҷаласаи Саридораи ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус кормандони Вазорати тандурустӣ гуфтанд, ки баъзе шаҳрвандон пас аз тую маъракаҳо ва дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ба табибон бо гумони гирифтор шудан ба COVID-19 муроҷиат мекунанд.

"Сарфи назар аз мамнӯиятҳо ва тавсияҳо, тӯю азодорӣ дар кишвар бо иштироки шумораи зиёди одамон баргузор мешаванд", - таъкид мегардад дар хабар.

"Вазъи эпидемиологӣ дар Бишкек ташвишовар аст, омор кам намешавад. Қоидаҳои санитарӣ ба қадри кофӣ риоя карда намешаванд. Ин ҳама метавонад ба баррасии чораҳои иловагии амниятӣ ё пурзӯр шудани онҳо оварда расонад. Чунин сурат гирифтани вазъ аз кори нокифояи гурӯҳҳои эпидемиологӣ шаҳодат медиҳад," - гуфт муовини сарвазир.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала