Идомаи таъйиноти кадрӣ: Раҳмон ду муовини Агентии назорат дар соҳаи маорифро интихоб кард

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи таъйиноти кадрӣ ду муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маорифро интихоб кард

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Содиқзода Хурсанд Сафар ба вазифаи муовини якуми директори Агентии гназорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президент такя зад.

Озода Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Таъйинот дар бахши ёрдамчи Президент оид ба кадрҳо ва Дастгоҳи раисиҷумҳур

Ба иттилои котиботи роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як муовини дигари мудири Агентиро интихоб кард.

Гуфта мешавад, бо фармони сарвари давлат,Назарализода Дилафрӯз Муҳамадалӣ муовини дигари директори Агентии назорат дар соҳаи маориф таъин карда шуд.

“Шаъну шарафро паст зад”: Президент Собирзодаро баъди 4 моҳ барканор кард

Ёдовар мешавем, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Иноятзода Баҳромро аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Вализода Абдуқодир Исуфро аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода ва Акрамзода Парвиз Акрамро аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг озод кард.

Тибқи фармонҳои дигари Президент, Вализода Абдуқодир Исуф ба вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Акрамзода Парвиз Акрам раиси шаҳри Турсунзода ва Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ба вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0