Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раисони бозорҳо ва баҳси мавҷи дуюми коронавирус

© Сайт мэрии ДушанбеПредседатель Душанбе Рустам Эмомали проводит процесс строительства ряда учебных заведений
Председатель Душанбе Рустам Эмомали проводит процесс строительства ряда учебных заведений - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, барои пешгирии мавҷи дуюми сирояти коронавирус, COVID-19 бо масъулини шаҳрдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони бозорҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Рустами Эмомалӣ бо масъулини шаҳрдорию раисони бозорҳо масъалаи озод кардани сооҳибкорон аз андозҳо, пешгирии вуруди сокинони навоҳии атроф бидуни ниқоб ба пойтахт, ташкили долонҳои безараргардонию ҳароратсанҷии оммавиро баррасӣ намуд. 

Озода Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Таъйинот дар бахши ёрдамчи Президент оид ба кадрҳо ва Дастгоҳи раисиҷумҳур

Ба иттилои котибот, шаҳрдори Душанбе бо зикри он, ки аз 15 июн муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд, дастур дод, ки риояи қоидаҳои беҳдошт таҳким бахшида шавад. 

"Ба раисони ноҳияҳо дастур дода шуд, ки тадбирҳои пешгирикунандаи сироят аз ҷониби сокинон бо дарназардошти истифодаи ҳатмии ниқоб, пешгирии гаштугузор бе ниқоб дар шаҳр ва бе ниқоб ворид шудан ба бозорҳо, безараргардонии шабонаи бозорҳо, инчунин тақсими ниқоб ба сокинон, корҳои пешгирии зиддисӯхторӣ, савдои кӯчагӣ, истифодаи маводи безараргардонӣ дар ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, махсусан бозору мағозаҳо ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ тақвият дода шавад", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Раиси Душанбе таъкид кардааст, ки дар даромадгоҳҳои бозорҳо долонҳои безараргардонӣ ва ҷойҳои шустани даст бо истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ таъсис дода шаванд.

Карантинный центр в Коммунарке  - Sputnik Тоҷикистон
Хушхабари сартабиби тоҷик аз коҳиши тасфу илтиҳоб дар гармӣ ва ҳушдораш аз бемориҳои дигар

Ба иттилои котибот, раис шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои гузоштани шахсони мутасаддӣ ва истифодаи ҳароратсанҷи масофавӣ дар даромадгоҳҳои бозорҳо ва ҳамаи нуқтаҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, пӯшидани ниқоб аз ҷониби ҳамаи соҳибкорони бозору нуқтаҳои савдои онҳо, насб кардани буклету овезаҳои қоидаҳои риояи беҳдоштӣ дар растаҳо, кашидани хат ва ресмонҳои рангаи масофаи иҷтимоӣ дар ҳамаи дукон ва нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ, дастгирӣ ва мусоидати соҳибкорони инфиродии бозорҳо дар озод намудани пардохти андозҳо дар давраи тиҷорат накардани онҳо ҷалб кард.

Масъулин муваззаф шудаанд, к ҷиҳати пешгирӣ намудани баргузории ҳамагуна туйю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар маҳаллҳо чораҳои дахлдор андешида, бо мақомоти шаҳру ноҳияҳои гирдуатрофи пойтахт, махсусан ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ, шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисору Турсунзода бобати пешгирии бениқоб ворид шудани шаҳрвандон ба пойтахт ҳамкориҳои самарабахшро роҳандозӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0