Садҳо халта орду ҳазорҳо литр равған: кумаки тоҷикистониёни бурунмарзӣ ба табибон

© Sputnik / Андрей СтенинМешок муки, архивное фото
Мешок муки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Матлубиддин Қозиев ва Абдуризо Абдулаҳатов, сокинони шаҳри Исфара, бо таъсиси гурӯҳи махсуси эҳсонкорон 100 адад либоси махсуси ҳимоявӣ ба маблағи умумии 45 ҳазор сомониро ба беморхонаҳои Исфара доданд

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Аз ҷумла ба Беморхонаи марказӣ  60 адад ва беморхонаи минтақавии Ворух 40 адад либоси муҳофизатӣ тақдим гардид, хабар дод “Ховар”.

Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Бе фоида ва ҳатто зарар: дарсҳои бадахшонии “вируси корона”

Манбаъ афзуд, ки аз оғози моҳи Рамазон то имрӯз дар миқёси шаҳри Исфара бародарон Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо ва Абдуҷалил Савриддинов ба зиёда аз 5 ҳазор нафар ниёзмандон ва муҳтоҷон дар шакли маҳсулоти ғизоӣ кӯмаки яквақтаи моддӣ расониданд. 

“Ҳамин гуна дастгирии моддию молиявиро дигар шахсони олиҳиммат, аз ҷумла Сорбон Савриддинов, Муҳаммадсафо Раҳимов, Абдуқаюм Фозилов, Фахриддин Қурбонов, Ҳафизхон Каримов ва дигарон низ анҷом дода истодаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Инчунин бо маблағе, ки сокинони шаҳри Истаравшан аз Русия ирсол кардаанд, барои кормандони соҳаи тандурустӣ 500 адад корҷомаи махсус ва 500 ниқоби тиббӣ харидорӣ шуд.

Прогноз погоды - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯйии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон: борони кӯтоҳмуддат меборад

Дар баробари ин 180 халта орд ва 180 адад қуттии равған ба кормандони соҳаи тандурустӣ расонида шуд.

Зодагони Истаравшан, ки вилояти Красноярск фаъолият доранд, ба маблағи 1,5 миллион рубли русӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ ба Беморхонаи марказии шаҳр тақдим кардаанд.

Абдузамир Абдуғаффоров, соҳибкори муваффақи тоҷик дар Русия, ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва беморон дар Истаравшан дар ҳаҷми 300 халта орд ва 1,5 ҳазор литр равған кумак кард. Абдуғаффоров инчунин ба 25 нафар ятимони кул орду равған ва кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар нафар додаст.

Лентаи хабарҳо
0