Даргузашти модари генерал Ато Муҳаммад Нур

© AP / Massoud HossainiГубернатор провинции Балх Ата Мохаммад Нур, архивное фото
Губернатор провинции Балх  Ата Мохаммад Нур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Модари сиёсатмадори тоҷиктабори Афғонистон Ато Муҳаммади Нур имрӯз дар Афғонистон аз олам чашм пӯшид

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Модари генерал Ато Муҳаммади Нур дар синни 86-солагӣ даргузашт.

Дар ин бора генерал Ато Муҳаммади Нур дар саҳифааш дар фейсбук хабар додааст.

"Намедонам дар кадомин кӯча ҷустуҷӯят кунам, модаракам! Оромиш абадии ту оромиши зиндагиамро гирифт. Бароят ҷаннати фирдавс орзу мекунам. Барои худ сабр ва истиқомат. Модари азизам пас аз як умр зиндагӣ субҳи имрӯз ба умри 86 солагӣ ба марги табиӣ таслими тақдири илоҳӣ шуд ва моро танҳо гузошт. Дидор мо ба қиёмат!", - навиштааст генерал дар саҳифааш.

Аз таҳсил дар донишгоҳи Тоҷикистон то сулҳ бо Толибон: мусоҳибаи Ато Муҳаммади Нур - видео

Лентаи хабарҳо
0