Қоҳир Расулзода ба Муъминобод рафт: сарвазир бо сохтмони иншоотҳои гуногун ошно шуд

© Пресс-служба Президента РТ Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз сарвазири Тоҷикистон бо ҳайати гурӯҳи корӣ аз вазъи соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон ва иншоотҳое, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод сохта мешаванд, боздид кард

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Бино бар иттило дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон зимни сафари корӣ аз рафти сохтмони Боғи фарҳангии ноҳия, ки дар маркази ҷамоати шаҳраки “Муъминобод” бунёд шуда истодааст, боздид намуда, барои дар муҳлати муқарраршуда анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ ба масъулин тавсияҳои мушаххас дод.

Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаласа баъд аз боздоштҳо: сарвазир шахсан дар шаҳри Кӯлоб раиси навро муаррифӣ кард

Инчунин сарвазир дар ин минтақа аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази мобилии “Тcell”, корхонаи саноатии коркарди шир ва дар замини назди корхонаи мазкур боғи интенсивии бунёдшудаистода шиносоӣ пайдо кард.

Дар рафти сафари корӣ Қоҳир Расулзода аз рафти кишти картошка ва нашъунамои он дар хоҷагии деҳқонии “Наҷот”-и ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров дидан кард.

Манбаъ қайд намудааст, ки то имрӯз дар ноҳияи Муъминобод дар майдони зиёда аз 1200 гектар кишти картошка ба итмом расида, амалӣ кардани ин кор дар заминҳои боқимонда идома дорад.

Сарвазири Тоҷикистон инчунин, аз рафти корҳои сохтмонии меҳмонхона ва дигар иншоотҳои фарҳангию фароғатӣ, ки дар ҷамоати деҳоти “Чилдухтарон” ва мавзеи он бунёд шуда истодаанд, дидан намуд.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки дар мавзеи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ роҳи 12 километраи Чилдухтарон-Ховалинг таъмир шуда истодааст ва то ҷашни Истиқлолияти кишвар мавриди истифода қарор дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0