Тоҷикстандарт барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус роҳнамо таҳия кард

Тоҷикстандарт роҳнамо барои фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)-ро таҳия кард

ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Ожонсии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон (“Тоҷикстандарт”) дар робита ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳо барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои меъёрии “Роҳнамо барои фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)” ва “Роҳнамо барои фаъолияти кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо оид ба пешгирӣ аз сироятшавӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19)” -ро таҳия намуд.

Выздоровевшие от коронавируса больные вернулись домой - Sputnik Тоҷикистон
Аз гигиена то Гиёев: муаммои ақибнишинии “вируси корона” дар Тоҷикистон

 Бино бар иттилои манбаъ, роҳнамоҳои мазкур дар давраи эълон гардидани пандемияи COVID-19 дар Тоҷикистон истифода бурда шуда, барои истифода дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ, савдо, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо татбиқ мегарданд.

“Онҳо дар заминаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ тавсияҳои мушаххасро дар бар мегиранд, ки барои фаъолияти бонизоми муассисаҳои хизматрасонӣ дар ин давра мусоидат хоҳанд кард”, таъкид доштааст “Тоҷикстандарт”.

Ҳамзамон дар ин самт бо мақсади дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти дӯхти ниқобҳои ҳимоявӣ, либоси махсуси ҳифозатӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва маҳлулҳои безараргардонӣ аз ҷониби мутахассисони “Тоҷикстандарт” шартҳои техникии Тоҷикистон “Ниқобҳои таъиноти профилактикӣ ва истеҳсолӣ” “Комбензонҳо ва либосҳои болопӯши ҳимоявӣ” “Маҳлули антисептикӣ” таҳия гардида, баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор тасдиқ карда шуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки шартҳои техникии мазкур барои корбарӣ ба муассисаву корхонаҳои марбута пешниҳод гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала