Масҷидҳо кай боз мешаванд? – шарҳи Кумитаи дин

© © Sputnik / Амир ИсаевЖители Таджикистана встретили праздник Ид аль-Фитр или Иди Рамазон
Жители Таджикистана встретили праздник Ид аль-Фитр или Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон замон ва шарту шароити боз шудани масҷидҳоро шарҳ дод.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Афшини Муқим, сухангӯи Кумита ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод аз иттиҳодияҳои динӣ хостааст, ки корҳои профилактикӣ ва зиддиуфунӣ кардани масҷидҳои кишварро тақвият бахшанд ва мунтазири тасмими мақомоти зидахл бошанд.

"Тасмими боз шудани масҷидҳо ва иҷозаи иҷрои расму ойин, аз қабили тӯю сур ва дигар маъракаҳо дар кишвар ба тасмими Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 бастагӣ дорад. Мо дар навбати худ дар машвара бо вазорати тандурустӣ корҳои омодагиро рӯи даст гирифтаем", - гуфт Афшини Муқим.

Тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъи Тоҷикистон бори аввал 4 март баста, дубора 20 март боз шуданд.

Муфтий Москвы, главный имам Московской соборной мечети Ильдар Аляутдинов совершает намаз в первый день священного месяца Рамадан в Московской соборной мечети - Sputnik Тоҷикистон
Масоҷиди Маскав боз мешаванд: пӯшидани ниқобу дастпӯшӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳатмист

Аммо моҳе пур нашуда, Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки аз 18 апрел дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд ва ба дунболи онҳо баргузории намози таровеҳ ва ҳатто намозу идгардаки моҳи Рамазон низ манъ гардид.

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

Як далели бастани масҷидҳоро Кумитаи дин ва Шӯрои уламо ба таҳаввулоти пешомада дар пайи густариши "вируси корона" дар ҷаҳон, аз ҷумла олами ислом рабт дода, мегуфтанд, ки дари тамоми масоҷиди олам, ҳатто Масҷиди ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шудаанд. Ҳоло ин масоҷид дари худро ба рӯи намозгузорон боз кардаанд.

Сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим мегӯяд, таҳаввулоти ахир дар оламро пайгирӣ доранд ва боз шудани масҷидҳо ба вазъи сиҳӣ дар Тоҷикистон бастагӣ дорад.

"Аммо ҳоло наметавонем эълон кунем, ки кай масҷидҳо боз ва баргузории маъракаҳо иҷозат дода мешавад. Эҳтимолан пас аз 15 июн бо назардошти вазъе, ки пеш меояд, тасмим гирифта хоҳад шуд", - гуфт Афшини Муқим. Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон – Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ ҳанӯз тасмими боз кардани масоҷиди худро нагирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала