Мастчоҳ дар интизори Эмомалӣ Раҳмон: ёвари президент омодагии ноҳияро санҷид

Обуна шудан
Имсол ҷашни асосии Рӯзи ваҳдати миллӣ бо ҳузури роҳбари давлат дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Мастчоҳ феълан омодагиҳо ба ҷашни 23-юмин солгарди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷараён доранд, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: ҷавонон бояд барои ҳимояи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳамеша омода бошанд

Интизор меравад, чорабиниҳои ҷашнӣ дар Мастчоҳ бо ҳузури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гарданд.

Дар робита ба ин, алъон ёвари президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ аз ноҳияи Мастчоҳ боздид намуданд.

Ҷашни асосии Ваҳдати миллӣ имсол дар Мастчоҳ доир мегардад

Гуфта мешавад, дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани наздики 30 иншооти нави таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар назар аст.

Рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар Маскав байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 хотима бахшид.

Мувофиқи фармони сарвари давлат ва қонуни қабулшуда аз 22-юми майи соли 1998, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз идҳои расмии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, 27-уми июн дар ҷумҳурӣ рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0