Сокини 10 - солаи Кушониён дар заҳбур ғарқ шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон аз ғарқшавии як сокини 10 - солаи ноҳияи Кушониён хабар медиҳад, ки дар заҳбур ғарқ шудааст

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҳодисаи нохуш рӯзи 8 - уми июни соли 2020, тахминан соати 10:10 дақиқа рух додааст, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.

Зона отдыха на берегу реки Сырдарья - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиа: ҷавони тоҷик дар Уфа кӯдакеро аз марг наҷот доду худ ғарқ шуд

Ба иттилои манбаъ, навраси 10 - сола, ки дар заҳбури поёни деҳаи Комсомоли ноҳияи Кушониён ба танҳоӣ шиноварӣ намудааст, ғарқ шудааст.

"Иллати аслии ғарқ шудани вай маълум нест, вале тахмин меравад, ки аз беэҳтиётӣ гирифтори ин фоҷеа шуда бошад", - таъкид мешавад дар хабар.

Боди шадид духтари 11-соларо дар дарёи Сурхоб ғарқ кард

Манбаъ меафзояд, наҷотбахшон субҳи рӯзи 9 - уми июн ба ба кофтукоби ҷасади наврас баромаданд ва соати 14:06 дақиқа ҷисми беҷони ӯро 3 киллометр поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар мавзеи деҳаи Абдурраҳмони Ҷомӣ пайдо карданд ва онро ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ёдовар мешавем, ки бо фаро расидани мавсими гармо дар рӯду ҳавзҳои ҷумҳурӣ ҳодисаҳои ғарқшавии сокинон рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

КҲФ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват мекунанд ,ки дар ҷойҳои барои шиноварӣ мамнӯъ аз оббозӣ кардан худдорӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0