Талко Голд - тарҳи нодир ва бузургтарини Осиёи Марказӣ тирамоҳ ба кор медарояд

© Sputnik / Стас ЭтвешАлюминиевый завод "ТАЛКО-КРАНТАС" в городе Турсунзаде
Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар ҷаҳон пас аз фаъол шудани “Талко голд” дар истеҳсоли сурма ба мавқеи пешгомӣ хоҳад расид

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Як манбаъ дар Ширкати алюминиуми Тоҷикистон ё Талко ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сохтмони “Талко Голд” 80% анҷом шуда, тибқи нақша моҳи сентябр ё дери дер октябр ба кор шурӯъ хоҳад кард.

Встреча Раджаббоя Ахмадзода с главой китайской компании ТАЛКО ГОЛД - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари ширкати “Талко Голд” ба Аҳмадзода чӣ ваъда дод?

“Тамоми корҳо ба анҷом расидаанд, ба истиснои овардан ва насби таҷҳизоти истеҳсолӣ, ки ду моҳ зиёдтар вақт мегирад. Техникаи “Талко Голд” навтарин ва сохти Финландия буда, бори аввал дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамин шабу рӯз масъалаи интиқоли ин техника дар миён аст. Барои насби он мо 135 мутахассис аз Чин даъват кардаем ва барои интиқоли онҳо як парвози чартерӣ ҳам дар назар аст”, - гуфт ин манбаъ.

Талко баҳори соли 2017 муҷаввизи коркарди захоири тилло дар ноҳияи Айнии вилояти Суғдро аз ҳукумати Тоҷикистон дарёфт кардааст.

Шарти ҳукумат ҳам ин буда, ки ширкатҳои хориҷӣ фақат то нисфи саҳмияҳои ширкати навро бояд дар ихтиёр дошта бошанд.

Моҳи июни соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон санги таҳдоби сохтмони ҶСП “Талко Голд” – ро гузошт.

Корхонаи "Талко Голд" як муҷтамеъи истеҳсолии чандметалӣ буда, дар заминаи кони маъдани Кончоч, 5-километрии Искандаркӯл, воқеъ дар қаторкуҳҳои Зарафшон, дар се қитъаи истеҳсолӣ – Чӯлбоӣ, Кончоч ва Шаҳкон сохта мешавад.

“Дар иҷрои ин тарҳ 504 нафар кор мекунанд. То ба ҳол 18 километр нақбҳо канда, 60 км хати барқ бо як истгоҳ сохта шудаанд. Маҷмӯаи партовгоҳи хос низ эҷод шудааст. Сохтмони хобгоҳ барои ҳудуди 1000 коргар ва бинои идораи корхонаро низ анҷом додем. Мутахассисон дар Донишкадаи саноати корҳои кӯҳии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон (собиқ Чкаловск) муштарак бо устодони чинӣ омода шудаанд. Амалан маҳалли сохтмон ба як шаҳраки нав табдил ёфтааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Дар умум шаш навъи маъдан, аз қабили тилло, сурма, нуқра, симоб, сафедаи симоб ва флюорит дар маҳалли кон кашф шудааст, ки бино ба додаҳои муқаддамотии “Талко”, ҳудуди 1 милллион тонро ташкил мекунад ва ҳиссаи тиллову сурма дар ин захираҳо мутаносибан 60 ва 300 ҳазор тон аст.

Строительство СП Талко Голд в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода: ҳангоми сохтмони корхонаи “Талко Голд” ба ҳифзи муҳити зист аҳамият диҳед

Пешбинӣ мешавад, ки “Талко голд” ба бузургтарин корхонаи коркарди сурма дар Осиёи Миёна табдил шавад. Дар оғози тарҳ ҳаҷми тавлиди солонаи тило 1,5, сурма - 16 ҳазор ва сафедаи сурма - 5 ҳазор тон тахмин зада мешуд.

“Ҳоло тахмини мо ин аст, ки корхона солона 2,5 тон тилло ва 21 ҳазор тон сурма истеҳсол хоҳад кард. Додаҳои ахир нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз рӯи захираҳои сурма – ин филизи стратегӣ дар ҷаҳон ба мақоми аввал хоҳад баромад ва аз рӯи истеҳсол дар қатори Чину Русия вориди сегона аввал дохил хоҳад шуд”, - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Саҳҳомони “Талко голд” Ширкати алюминиуми Тоҷикистон ва ширкати саноати кӯҳии “Тибет-Хуаюй” мебошанд, ки ҳар кадом 50% - и саҳмияҳои сармоя оинномавии корхонаро дар даст хоҳанд дошт.

Лентаи хабарҳо
0