Ҷарима намекунанд: дар Суғд милисаҳо ниқоби тиббии ройгон медиҳанд

© МВД РТРазъяснительные работы сотрудников милиции УМВД по Согдийской области
Разъяснительные работы сотрудников милиции УМВД по Согдийской области  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони БДА нахуст бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, сипас ройгон ниқобҳои тиббӣ тақсим мекунанд

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд гурӯҳи кормандони милиса чораҳои риояи беҳдоштро оид ба пешгирии COVID-19 аз ҷонидби сокинон ҳамарӯза назорат мебаранд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати БДА дар вилояти Суғд гузориш медиҳад.

Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷарима то 10 соли зиндон: ҷазо барои надоштани ниқоб, паҳнсозии беморӣ ва дурӯғ
Онҳо дар кӯчаҳои асосии маҳаллаи Пахтакор ва дар кӯчаи марказии ҳудуди бозори Панҷшанбе дар Хуҷанд ва шоҳроҳи Хуҷанд-Бобоҷон Ғафуров тафтишот мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи натиҷаҳои амалиёт, шаҳрвандоне низ ҳастанд, ки қоидаҳои беҳдоштро риоя намекунанд ва ниқоб намепӯшанд.

Гуфта мешавад, кормандони мақомот байни онҳо нахуст корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд ва сипас ройгон ниқоб тақсим мекунанд.

 

 

Парлумони Тоҷикистон 10 июн тағйироту иловаҳо ба қонунгузории кишварро қабул кард, ки бар асоси он барои гаштугузори бидуни ниқоб, паҳн кардани беморӣ ва ахбори бардурӯғ ҷазо пешбинӣ шудаст.
Бар асоси тағйиру иловаҳо, ки имрӯз аз ҷониби вакилон қабул шуд, ба нафароне, ки сабабгори паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегарданд, аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Омори ҷадиди гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон

Дар сурати такрори чунин кор, тағйироти нав аз 5 то 10 сол ҳабсро пешбинӣ намудааст.

Лентаи хабарҳо
0