Садамаи маргбор: мошин ба канори роҳ чаппа шуд

Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рух додани садамаи маргбор дар ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохтлаи Тоҷикистон, сажамаи маргбор санаи 11-уми июни соли равон дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов ноҳияи Дӯстӣ сурат гирифтааст.

Дорога Душанбе - Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садама дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд: шаш нафар аз доми марг наҷот ёфтанд

Тибқи иттилои манбаъ, тахминан соати 14:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, Чарыев Жанмурад Қличович, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Истиқлолият, ба самти ноҳияи Дӯстӣ дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада автомашинаро дар қитъаи заминҳои кишти ҷуворимакаи канори роҳ чаппа намудааст. 

Масъули вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар натиҷаи ин садама ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0