Вазорати тандурустӣ: назорати муассисаҳои хизматрасонӣ боз ҳам пурзӯр мешавад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЖители Душанбе покупают продукты на рынке Мехргон
Жители Душанбе покупают продукты на рынке Мехргон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ эълон доштааст, ки баъди сабук кардани чораҳои қарантинаӣ дар кишвар, назорат дар ошхонаю тарабхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, марказҳои савдо, мағозаю бозорҳо пурзур карда мешавад

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон, таъкид кард, ки риояи ҳатмии қойдаҳои беҳдоштӣ дар ошхонаю тарабхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, марказҳои савдо, мағозаю бозорҳо баъд аз сабук кардани чораҳои қарантинаӣ муҳим аст. 

Пассажиры на платформе Ярославского вокзала в Москве - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ: коҳиш ёфтани шумори мубталоён маънои пок шудани Тоҷикистон аз коронавирусро надорад

Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ, бо мақсади омодагии муассисаҳои хизматрасонӣ, аз он ҷумла ошхонаю тарабхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, марказҳои савдо, мағозаю бозорҳо баъди сабук кардани чораҳои қарантинаӣ ба риояи ҳатмии қойдаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла пӯшидани ниқоб, риояи масофаи байни ҳамдигарӣ, ҳамзамон, дар даромадгоҳҳо санҷидани ҳарорати бадани шаҳрвандон ва истифодаи маҳлулҳои безараргардонӣ, аз тарафи мутахассисони  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар  як қатор муассисаҳои хизматрасонии шаҳри Душанбе мониторинг гузаронида шуд.

Манбаъ таъкид доштаааст, ки мутахассисони хадамоти мазкур дар иншоотҳои зикргардида бо кормандони муассисаҳои хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ намудани бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, илтиҳоби шуш ва бемории короновирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида,  ба саволҳои иштирокчиён посух доданд.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки аз ҷониби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ минбаъд низ дар муассисаҳои хизматрасонӣ  чунин мониторингҳо идома хоҳад ёфт.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти вируси корона дар Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки аз 15 июни соли равон  ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию  гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз намоянд.

Лентаи хабарҳо
0