Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Қорӣ Баҳриддин: кушта шудани як тоҷик аз "Қитъаи сурх" – и Толибон

© AP / Rahmat GalБоевики "Талибан" в провинции Нангархар на востоке Афганистана
Боевики Талибан в провинции Нангархар на востоке Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти амниятии Афғонистон аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳанд. Ӯ 24 рӯзи пеш кушта шудааст

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ҳодӣ Ҷамол, сухангӯи корпуси 217 – и "Помир", нерӯҳои вижаи вазорати дифоъи миллии Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин нафар шаби 30 сарв (19 май) ҳангоми задухӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ бо Толибон кушта шудааст.

"Дирӯз мо аз Раёсати амнияти Кундуз иттилоъ гирифтем, ки дар байни кушташудагон як тоҷикистонӣ низ ҳаст. Чун пас аз анҷоми амалиёт тамоми ҷасадҳо барои таҳқиқ дар ихтиёри ин Раёсат гузошта шуд, ҳоло маълум карданд, ки кушташудагон киҳоянд. Ин фарде, ки гуфта мешавад, тоҷикистонӣ аст, Қорӣ Баҳриддин ном дошта, маълум нест, ки ин номи аслиаш аст ё ҷаълӣ", - гуфт Ҳодӣ Ҷамол.

Қорӣ Баҳриддин ном дар сафи қитъаи хоси Толибон мавсум ба "Қитъаи сурх" меҷангид, ки ба иттилои сухангӯи корпуси 217 – и "Помир", шаби 18 ба 19 май ба пойгоҳи низомии Урдуи миллии Афғонистон, воқеъ дар қарияи Тилавка, дукилометрии шаҳри Кундуз ҳамла оварда буд.

Абдул Рашид Дустум. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Поёни ихтилофҳо: оё Дӯстум арзандаи унвони маршалӣ аст?

Сайид Илёс Ҳошимӣ, омири ҷиноии ҳавзаи сеюми шаҳри Кундуз ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бино ба иттилои оперативӣ, ҷангиёни тоҷикистонӣ умдатан дар вулусволии Имом соҳиби вилояти Кундуз паноҳ, бурда, раҳбари онҳо шахсе ба номи Қорӣ Фурқон аст, ки бо афродаш дар минтақаи Каран қарор дорад ва бино ба бархе маълумотҳо, вулусволи номниҳоди Толибон дар ин вулусволӣ аст.

Такзиби даргузашти роҳбари Толибон

"Дар сафи Толибон ҷангиёни Ӯзбекистон, Қирғизистон, Русия, Чин, Покистон ва дигар кишварҳо низ меҷанганд, аммо дар бораи талафоти онҳо хабаре надорем. Онҳо он қадар дар Толибон ҳазм шудаанд, ки дигар намешавад онҳоро тафкик кард", - гуфт Сайид Илёс Ҳошимӣ.

Шаби 18 ба 19 майи соли равон Толибон амалиёти густардаеро роҳандозӣ намуда, аз чандин истиқомат болои посгоҳҳои нируҳои дифоъӣ ва амниятии Кундуз ҳамла карданд, аммо бо талафоти беш аз 100 куштаву захмӣ ақиб нишастанд.

Ба қавли сухангӯи корпуси 217 – и "Помир", Ҳабиб Носирӣ, фармондеҳи пурнуфуз ва калидии Толибон дар вилояти Кундуз, ки ҳамалоти Толибонро болои посгоҳҳои амниятии маркази шаҳр Кундузи раҳбарӣ мекард, пас аз захми шадид бардоштан 22 май дар соҳаи "Кунам" ба ҳалокат расид.

"Ӯ дар ноамниҳои шаҳр Кундуз, террори афроди давлатӣ ва созмонедҳии ҳамалот террористӣ дасти баланд дошт", - гуфт Ҳодӣ Ҷамол.

Ҳамлаи Толибон таваҷҷӯҳи Кобулро низ ба худ ҷалб кард. 19 май Асадуллоҳ Холид, сарпарасти вазорати дифоъ миллӣ ба манзури баррасии вазъияти амниятӣ ва нерӯи кӯмакӣ аз қитъаоти хоси вазорати дифоъи Афғонистон низ аз марказ ба Кундуз эъзом шуданд. Он шабонарӯз Толибон дар вулсуолиҳои Хонобод, Чаҳордара, Гӯрдара ва Имом Соҳиб низ даст ба амалиёти густарда заданд, ки аз сӯи нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ба ақиб зада шуданд.

Амрико дар бораи хуруҷи низомиён аз Афғонистон фикрашро иваз кард

"Онҳо мехостанд Кундузро забт карда, ҳукумати худро эълон кунанд, аммо Кундуз ба гӯристони толиб мубаддал шуд", - гуфт сухангӯи корпуси 217 – и "Помир".

Корпуси 217 – и "Помир", нерӯи аслии ҷангии вазорати дифоъи Афғонистон аст, ки масъулияти ҷангҳо дар чор вилояти шимолу шарқи Афғонистон – Бадахшон, Тахор, Кундуз ва Бағлонро бар ӯҳда дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала