Эъломи ҳамбастагии Эрон бо миллат Тоҷикистон дар мубориза бо вируси корона - навор

© AFP 2021 / -Женщина в Тегеране на фоне рисунка флага на стене
Женщина в Тегеране на фоне рисунка флага на стене - Sputnik Тоҷикистон
Ахиран чанд шахсияти фарҳанги ва сиёсии Эрон дар паёми тасвирӣ дар мубориза бо вируси корона эъломи ҳамбастагӣ карданд

ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Се шахсияти фарҳанги ва сиёсии Эрон, ки дар паёми тасвирӣ бо мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони Тоҷикистон дар мубориза бо вируси корона эъломи ҳамбастагӣ карданд.

Дар ин паём тасвирӣ Муҳаммадҳасани Санъатӣ, ройзани фарҳангии собиқи Эрон дар Тоҷикистон, коршиноси аршади Маркази байналмиллалии мутолиоти сулҳ ва узви Анҷумани геополитикаи Эрон, Муҳаммадҳусейни Обидинӣ, ройзани фарҳангии собиқи Эрон дар Қирғизистон, Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, устоди забон ва адабиёти форсии донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва узваи пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, ба баёни эҳсосотиву ҳамдили худ бо мардуми Тоҷикистон пардохтанд.

Бояд қайд кард, ки тибқи омори вазорати тандурустӣ то санаи 13 июн  дар Тоҷикистон 4971 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3288 (66,1%)   нафар шифо ёфтаанд.

Зимнан, то 13 - уми июн дар мамлакат 661 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 130 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин вазорати тандурустӣ таъкид дошт, ки аз санаи 12 то 13 июн бар асари ин маризӣ як бемор ҷони худро аз даст дод.

Ба ҳамин минвол, теъдоди умумии қурбониёни ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 50 нафар баробар шуд. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала