Даргузашти Алиризо Раҳмонқулов, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевТеатр им Лахути
Театр им Лахути - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Алиризо Раҳмонқулов, ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз масъулин ва коргардонҳои шинохтаи театри тоҷик дар синни 91-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik. Раҳмонқулов, ҳунарпеша, коргардон ва арбоби шоистаи Тоҷикистон, ки моҳи майи соли равон 91-солагияшро таҷлил намуда буд, имрӯз ҷаҳонро падрӯд гуфт. Тибқи иттилои наздикон, чанд рӯзи қабл вазъи саломатии Раҳмонқулов каме бад шуд ва ӯ сафар ба зодгоҳаш, ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнонро ихтиёр намуд ва имрӯз бандагӣ кард.

Заседание правительства РТ - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар вазоратҳои тандурустӣ ва корҳои дохилӣ

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Алиризо Раҳмонқуловро аҳли фарҳанги кишвар ҳамчун роҳбари ташаббускор‚ шахсияти пуркор ва инсони наҷиб мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.

“Фаъолияти давлативу ҷамъиятии ӯ дар мансабҳои масъулиятнок, аз ҷумла дар вазифаи директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев барои рушди минбаъдаи соҳаи фарҳанг заминаҳои устуворро ба вуҷуд оварда буд”, - таъкид карда буд Вазорати фарҳанг.

Манбаъ афзуд, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Алиризо Раҳмонқулов дар ҳайати бригадаҳои санъаткорони тоҷик ба хати фронт рафта‚ дар назди аскарони Армияи Сурх баромадҳо карда‚ санъати касбии тоҷикро муаррифӣ намудааст.

Вазорат таъкид намуд, ки хидматҳои шоистаи ӯ бо яқ қатор мукофотҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон‚ аз он ҷумла унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст‚ ки боиси ифтихори аҳли фарҳанг мебошад.

Лентаи хабарҳо
0