Кумаки соҳибкорони раштӣ ба зарардидагони Хуросон: 1000 сомонӣ ва орду шакару равған

© Sputnik / Андрей СтенинМешок муки, архивное фото
Мешок муки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду соҳибкори шинохтаи рашти ба зарардидагони сел дар ноҳияи Хуросон маводи ғизоӣ ва пул кумак кардаанд

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сафҳаи расмии вилояти Хатлон дар Фейсбук кумакҳо аз ҷониби соҳибкорон Низомов Маҳмадҷон ва Бобоҷонов Шарафҷон ворид шуда, тақсим гаштааст.

Социальная сеть Фейсбук - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки гурӯҳи шабакаи иҷтимоии "Кӯлоби ман" ба бемористонҳои ин минтақа

Ба иттилои манбаъ, ба ҳар як оилаи аз офати табиӣ зарардида 1000 сомонӣ,  як халта орд, биринҷ, шакар, 5 килои макарон ва равған дода шудааст.

Низомов Муҳаммадҷон ва Бобоҷонов Шарафҷон гуфтаан "Мо набояд ба мушкилоти ҳамдигар бепарво бошем. Мо ҳама тоҷикем, ва як оилаем".

Ёдовар мешавем Бобоҷонов Шарафҷон соҳибкори муваффақ фарзанди Муҳиб Бобоҷонов, бо хайри миллионҳо сомонӣ бо саховатмандӣ ном бароварда, ҳамеша мавриди таҳсини раисиҷумҳур қарор мегирад.

Ахиран ин оилаи тоҷирони раштӣ барои мубориза бо коронавирус 1 миллион сомонӣ доданд.

Пеш аз ин бошад Муҳиб Бобоҷонов нимаи моҳи май ба табибони Рашт 200 ҳазор сомонӣ ҳадя кард, ки ба 400 табиб 500 сомонӣ тақсим шуд.

Ҳамчунин Раҳимҷон Бобоҷонов,  тоҷири тоҷики  муқими Русия ва писари Муҳиб Бобоҷонов замони қарантина дар Русия  се миллион рублро ба муҳоҷирине, ки дар шароити пандемия бекор монда буданд, тақсим кард

Бобоҷонов боз 1 миллион сомониро барои мубориза бо COVID - 19 дод

Гуфта мешавад, Муҳиб Бобоҷонов ва писарони саховатпешааш Раҳимҷон, Шарафҷон ва Бегиҷон дар ҳалли мушкилоти мардуми ноҳия ва минтақаи Рашт пайваста кумак мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0