Охирин омори гирифторони коронавирус дар Эрон

© Sputnik / Антон Быстров / Гузаштан ба хазинаи аксЖители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати беҳдошти Эрон мегӯяд, то имрӯз 155 ҳазор гирифтори бемории коронавирус дар кишвар шифо ёфтанд

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон хабар дод, ки тайи шабонарӯзи гузашта беш аз 2 ҳазор бемори ҷадиди  мубтало ба коронавирус шиносоӣ шудаанд.

Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Бадахшон хабари таҷаммӯи эътирозгарон дар шаҳри Хоруғро бепоя хонданд

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар изҳор дошт, ки “бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 612 бемори ҷадиди мубтало ба “ковид – 19” дар кишвар шиносоӣ шуда, ки як ҳазору 71 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот ироа шуд”.

Дар ин бора сомонаи “Парстудей” хабар дода, афзудааст, ки то ҳол ҳудуди 155 ҳазор гирифторони COVID-19 дар Эрон шифо ёфтаанд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони COVID-19 дар Эрон ба 195 ҳазору 51 нафар расидааст, афзуд, дар тӯли 24 соати гузашта 120 бемор ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ низ ба 9 ҳазору 185 нафар расид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала