Вокуниши ВКД ба таҷовузи духтари 12 – сола дар Ҳисор: рӯйпӯшӣ ва фишор нест

© Sputnik Амир ИсаевРахматилло Зойиров. Архивное фото
Рахматилло Зойиров. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттиҳомот дар бораи рӯйпӯш шудани таҷовузи як духтари 12 – сола дар ноҳияи Ҳисор аз сӯи тафтишотро рад кард

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, парвандаи ҷиноӣ дар прокуратураи шаҳри Ҳисор боз шуда, тафтишот идома дорад ва мавориди рӯйпӯшву фишори касе ба касе эҳтимоле беш нестанд.

Вай афзуд, азбаски ин ҳодиса соли 2019 иттифоқ афтода, аммо аз ин ҳисоб, ки ҳомила будан ё набудани духтар маълум набудааст, тарафи ҷабрдида ба мақомот муроҷиат накардааст.

 “Вақте ки аломатҳои ҳомиладор будани духтар пайдо мешавад, он гоҳ пайвандонаш ба мақомот муроҷиат кардаанд. Пас аз таваллуди тифл духтар нишондод медиҳад, ки аз Ҳусниддин Абдуллоев ҳомила шудааст. Тафтишот идома дорад, аммо гумонбари асосӣ маълум нест. Эҳтимоли ширкати дигар афрод дар ин ҷиноят низ вуҷуд дорад. Ҳоло натиҷаҳои ташхисҳои зарурӣ маълум шавад, гунаҳкор низ рӯи об хоҳад баромад”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Рӯзи гузашта, 17 июн, Раҳматулло Зоиров, вакили дифоъи як духтари 13 – сола, ки муддаӣ аст, нафари таҳти ҳимояташ таҷовуз шудааст, ба прокурори генералӣ ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон нома навишта, хабар дод, ки прокуратура ва мақомоти корҳои дохилии шаҳри Ҳисор ин ҷиноятро рӯйпӯш ва ба хешовандони ҷабрдида таҳдид мекунанд.

Рахматилло Зойиров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳматилло Зоиров низ гирифтори коронаврус шудааст

 Бино ба навиштаи Раҳматулло Зоиров, ин ҳодиса дар ҷамоати деҳоти Сомон, участкаи Кӯчабоғи паҳлӯи варзишгоҳи навбунёди Ҳисор, иттифоқ афтода, як фарди 42 – сола ба номи Ҳусниддин Абдуллоев соли 2019 духтари 12 – солаи ҳамсояаш Хайруддин Зарипов, корманди корхонаи асфалт ба номи Сумая Хайриддинова, мутаваллиди 2007 – ро дар говхона таҷовуз кардаст.

 “Илова бар ин, зимни таҳдид ва суиистифода аз нотавонии духтар, ӯ беш аз як бор ба ин духтар таҷовуз кардааст. Ниҳоят ин духтар маҷбур шуд ба волидайни худ бигӯяд, ки чӣ иттифоқе барои ӯ меафтад ва Ҳусниддин Абдуллоев бо ӯ чӣ мекунад”, - омадааст дар мактуби вакили дифоъ, ки дар сафҳаи фейсбукиаш нашр шуд.

Бино ба навиштаи ӯ, вақте волидайн аз ҳодиса огоҳ мешаванд, Абдуллоев бо таҳдид ба духтар ва волидайнаш онҳоро нагузоштааст, ки ба мақомот ариза нависанд, аммо пас аз гузаштани муҳлати муайян ин духтар бордор шуд ва волидайнаш ба прокуратураву мақомоти корҳои дохила шикоят бурданд.

“Онҳо аризаро нагирифтанд. Илова бар ин, муттаҳамро пуштибонӣ карда, бо паёмадҳои вахим таҳдид карданд”, - навиштааст Раҳматулло Зоиров.

Вай навиштааст, ду моҳ аст, ки духтар таваллуд кардааст ва дар ин муддат мақомот аризаро қабул накарда, сари духтару волидайнаш фишор меоранд, то ҳама корро ба таври мусолиматомез ва бидуни оқибат ҳал кунанд.

В офисе СДПТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳматулло Зоиров аз вазири маориф хост қонунгузории Тоҷикистонро риоя кунад

 “Акнун духтар 13-сола аст, кӯдак думоҳа. Ва кӯдак дар вазъияти ҷиддӣ қарор дорад. Авзоъ ба ҳадде печида аст, ки кӯдак метавонад бимирад ва пас аз он, кормандони додситонӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳамроҳии муттаҳам ин мавқеъро мегиранд, ки таҷовуз умуман вуҷуд надоштааст, ӯ кӯдакро аз куҷое ҳосил кардааст ва акнун Ҳусниддин Абдуллоевро муттаҳам мекунад”, - менависад Раҳматулло Зоиров.

Мавсуф аз Юсуф Раҳмон, прокурори генералӣ ва Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохили Тоҷикистон хостааст, ки ин қазияро таҳти назорати худ гиранд, зеро ин аввалин мавриди таҷовуз ба афроди зери синни қонунӣ нест ва аксар вақт аз тариқи ошнову бастагон, додани ришва ва ғайра, муттаҳамон ба таҷовузи ҷинсӣ аз масъулияти қонунӣ фирор мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала