Ғоибов дар бораи фориғболии тоҷикистониён, хатари COVID - 19 ва ягона роҳи ҳифозат

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Доктори илмҳои тиб, профессор Амонулло Ғоибов дар бораи пайдошавии COVID - 19, фориғболии мардуми тоҷик ва хатари бемориҳои сироятӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Амонулло Ғоибов доктори илмҳои тиб, профессор дар мусоҳиба бо хабарнигори "Садои мардум" дар бораи хатари бемориҳои сироятӣ ва ягона роҳи ҳифозат аз COVID - 19 - ро гуфт.

– Сабаби асосии зуҳур ва паҳншавии босуръати бемориҳои сироятӣ дар чист?

– Риоя накардани одитарин талаботи гигиенаи шахсӣ, роҳандозӣ нагардидани тадбирҳои пешгирикунанда, эмкунӣ, сатҳи пасти фарҳанги санитарӣ ва ғайра. Хушбахтона, теъдоди мубталоёни касалиҳои марговар дар муқоиса ба қарнҳои пеш (манзур гирифторони бемориҳои сироятӣ дар он замон аст) хеле коҳиш ёфтааст. Аз ин бармеояд, ки дар ин самт инсоният пешрафт дорад.

Медуниверситет в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати Одинаев: аз хуруҷи 2 намуди вирус аз Чин, гирифтории дубора ва ғизоҳо барои ҳимоя

Аз ҷониби дигар, бемориҳои сироятӣ «маҳсул» — и муносибати инсон ба табиат арзёбӣ мегардад. Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки аксари чунин бемориҳо аз ҳайвонот, хазандаҳо ва парандаҳо мегузаранд. Дар охири асри ХХ ва ибтидои асри равон зуҳури касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла, тоун, вабо, вараҷаи тропикӣ зиёд гардида, дар маҷмӯъ беш аз 30 касалии нав пайдо шуд. Инчунин, вараҷаҳои дорои сатҳи баланди хунравии «Ласса», «Эбола», «Марбург», сирояти вируси норасоии масунияти одам, зукоми паранда, хук ва COVID -19.

Тибқи баъзе маълумот ва таҳқиқоти анҷомдодаи олимони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтимолияти зуҳуру авҷгирӣ ва пайомадҳои нохуши қисме аз бемориҳои сироятӣ, микробу вирусҳо ба нурпошии офтоб ва тағйирёбии майдони геомагнитии замин вобастагӣ дорад.

– Аз касалиҳои сироятии бақайд­гирифташуда кадомаш ба саломатии инсон таъсири бештар дорад?

– Далели илмии собитшуда аст, ки зуком, сирояти роҳҳои нафаскашӣ, зотулкабид, касалиҳои рӯда, сил, омоси майнаи сар, брутселлёз ва ғайра бештар таъсиргузоранд. Мутобиқи арзёбии ташхисгарони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), фавт бар асари касалиҳои сироятӣ дар ҷаҳон, махсусан дар мамлакатҳои қашшоқ, аз ҷамъи ҳалокати шаҳрвандон дар ҷойи дуюм қарор дорад.

– Зуҳури коронавирус инсониятро пешорӯи имтиҳони ҷиддӣ қарор дод. Дар ин замина иқтисодиёти аксар кишварҳо таназзул ёфт. Аз ҷониби дигар ҳангомасозӣ ба авҷи аъло расида, ба ҳолати равонии мардум низ бетаъсир намонд. Чаро?

– Аз ҷониби СҶТ 11-уми марти соли 2020 эълон гардидани пандемия замина барои рӯи кор омадани стресси иҷтимоӣ, афзудани тарсу ҳарос ва ваҳшатзада шудани аксари мардум гардид. Бегуфтугӯ, зуҳури коронавирус ба ғайр аз махсусиятҳои зикршуда, инчунин ба афзоиши бемориҳои рӯҳию равонӣ сабаб шуд.

Пробирка с тестом на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Нури лазерӣ: Ғуломов дар бораи усули нави табобати COVID - 19, ки дар худ санҷидааст

Воҳима дар аксар маврид инсонро водор месозад, ки ҳатто аз сояи худаш тарсад. Ҳарчанд тарсу ҳарос эҳсосоти ногуворро ба вуҷуд меорад, вале дар ин маврид, бо дарназардошти эҳтиёткор шудани инсонҳо, то андозае метавонад иқдом баҳри ҳифозат гардад.

Таснифоти гуногуни тарсу ҳарос вуҷуд доранд. Дар аввал мутахассисон ин эҳсосро ба табиӣ, иҷтимоӣ ва дохилӣ раддабандӣ карда буданд. Таҳлили минбаъда собит намуд, ки тарсу воҳима биологӣ, иҷтимоӣ ва экзистенсиалӣ низ мешавад. Ба гурӯҳи якум тарсе дохил мешавад, ки бевосита ба саломатии инсон алоқаманд аст. Гурӯҳи дуюм ба бими инсон аз тағйир ёфтани мақоми иҷтимоӣ марбут буда, гурӯҳи сеюми тарсу ҳарос бо моҳияти умумӣ, ба одамон хос аст.

Эътироф бояд кард, ки ҳолати зикр­шуда «ковидофобия»-ро ба вуҷуд овард. Шоҳид будем, ки рӯзҳои аввал тарсу ҳарос дар вуҷуди баъзеҳо ончунон амиқ маъво гирифт, ки ба харобии асаб, авҷгирии касалиҳои куҳна, фишорбаландӣ ва пайдоиши стресси иҷтимоӣ боис шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ аз Абӯалӣ ибни Сино ёдовар шуданд, ки фармудааст: «Воҳима худаш ними беморӣ аст, хотирҷамъӣ ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифо ҳаст». Ин суханон дар шароити кунунӣ бояд сармашқи зиндагиамон бошад.

– Зимни посух ба саволи қаблӣ аз стресси иҷтимоӣ ёдовар шудед, яъне чӣ?

– Стресси иҷтимоӣ (ба забони англисӣ stress — шиддатнокӣ) яке аз сабабҳои асосии рушди касалиҳои хавфнок, аз ҷумла, вайроншавии низоми асаб (неврологӣ), гипертензияи раги шараён, бемории заъфи дил, латма дидани ҳолати равонӣ, авҷи бемориҳои узвҳои ҳозима, қабзияту сахтшавии рӯда ба ҳисоб меравад.

Таҳқиқот собит кардааст, ки тарсу ҳарос, стрессҳои мунтазам, сатҳи сироятнопазирии инсонро коҳиш медиҳад ва ба пайдоиши касалиҳои нав ва авҷгирии бемориҳои саратонӣ ва музмин низ боис мегардад.

– Дар тибби муосир тадқиқоти илмии вобаста ба тарсу ҳарос, оқибати стресси иҷтимоӣ ва афкори мардум оид ба коронавирус вуҷуд дорад?

В Москве открыт третий коронавирусный центр сети РЖД-Медицина - Sputnik Тоҷикистон
Натарсед! ифшогариҳои зодаи Тоҷикистон, ки дар Русия бар коронавирус пирӯз шуд

– Бале, дар дигар кишварҳо пажӯҳиш гузаронида мешавад ва мо аз нишондиҳандаҳои оморӣ, матолиби иттилоотии СҶТ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ истифода менамоем. Бамаврид аст зикр намоям, ки чанде пеш дар робита ба таъсири пандемия ба вазъи сокинони шаҳри Душанбе ва баъзе аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳқиқоти тиббӣ — сотсиологӣ гузаронида шуд. Он бо кумаки ризокорон (волонтёрҳо) дар шакли пурсиш ва анкетакунонии 350 нафар дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат аз 1 то 10 майи соли 2020 сурат гирифт. Пурсидашудагон 267 марду 82 зани аз 18 то 70-солаи дорои касбу ихтисоси гуногун буданд.

Ба саволи «Оё дар бораи пандемия медонед ва ба тарсу ваҳми COVID — 19 гирифтор гардидаед?», 64 нафари дорои маълумоти олӣ, 80 каси дорои маълумоти миёнаи махсус, 96 шахси дорои маълумоти миёна, 110 инсони бемаълумот посухи мусбат доданд. Дар раванди тадқиқот 206 (58,8 фоиз) шахси дорои маълумоти миёна ва бемаълумот, яъне ҳар дуюмин нафар ба тарсу ваҳм дода шуданро эътироф кардаанд.

Зимни посух ба саволи «Оё қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва тарзи ҳаёти солимро, махсусан дар давраи пандемияи вируси тоҷдор риоя мекунед?», 250 нафар бо сароҳат иброз доштанд, ки ҳамеша риоя мекунанд. Аз чумла, 53 кас эътироф карданд, ки баъзан ва 47 нафари боқимонда бошад, гоҳ-гоҳ риоя менамоянд.

Дар маҷмӯъ, тадқиқот собит сохт, ки 30 фоизи аҳолии ба он ҷалбшуда, бинобар риоя накардани қоидаҳои одии беҳдошт, дар ҳолати осебпазирӣ карор доранд.

Аз теъдоди умумии пурсидашудагон, истифодабарандаи ниқоби муҳофизатӣ 137 нафар соҳиби маълумоти олӣ, 94 кас дорои маълумоти миёнаи махсус, 65 нафар дорои маълумоти миёна буда, 54 шахси дигар бидуни маълумоти миёна ва олӣ буданд. Ҳадаф аз овардани ин нишондиҳандаҳо бозгӯйӣ намудани сатҳи дарки аҳолӣ дар робита ба коронавирус мебошад.

– Дар мавриди пайдоиши коронавирус андешаҳо гуногунанд. Кор то ҷое расидааст, ки ИМА Ҷумҳурии Халқии Хитойро муҷрими пандемия медонад…

– Якумин вируси тоҷдор соли 1960 тавсиф гардид. Ҳоло ҳафт намуди вируси тоҷдор маълум аст, ки ба роҳҳои нафаскашӣ ва рӯдаҳо осеби ҷиддӣ мерасонанд. Вирусҳои тоҷдор махсусан барои одамони дорои иммунитети нисбатан заиф, аз ҷумла, калонсолон, шахсони фарбеҳ, онҳое, ки бемории роҳҳои нафас ва саратон доранд, хеле хавфнок мебошад.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Олими тоҷик : Вазорати тандурустӣ барои пешгирии CОVID-19 бояд "хун" ҷамъоварӣ кунад

Аввалин маълумоти расмӣ дар бораи авҷгирии касалии «номаълум» дар Хитой 31 декабри соли 2019 пайдо шуд. Сипас маълум гардид, ки он ҳаштуми декабри соли гузашта дар шаҳри Ухани вилояти Хубей ба қайд гирифта шудааст.

Маълумоте мавҷуд аст, ки 30 декабри соли 2019 духтури чашм Ли Вэнлян якумин шуда, дар бораи вируси нав зимни суҳбат бо хатмкунандагони факултаи тиббии Донишгоҳи Ухан сухан рондааст. Номбурда баъдан ба идораи полис даъват шуда, роҷеъ ба норавоии паҳнкунии иттилоъ огоҳӣ мегирад. Ва ҳафтуми феврали соли 2020 Ли Вэнлян аз коронавирус фавтид.

Баъдтар маълум гардид, ки нахустин сироятёбӣ ба вируси коронаи намуди нав 17 ноябри соли 2019 ба қайд гирифта шудааст. Он вақт вируси «номаълум» — ро дар ҷисми сокини 55 — солаи музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Хитой пайдо карданд. Дар умум, соли 2019 ба пизишкони чинӣ муяссар шуд, ки 266 мубталои Covid-19-ро ошкор кунанд. Ҳоло олимон кӯшиш доранд, одамеро пайдо кунанд, ки ӯ аввалин шуда, аз коронавирус сироят ёфтааст. Дарёфту ташхиси ин шахс барои ифшои хосиятҳои вирус, эволютсияи он ва андешидани чораҳои мушаххас хеле муфид хоҳад буд.

Фарзияҳое низ вуҷуд доранд, ки муши парон, калламуш, гурба, саг, лама (ҳайвони боркаш аз ҷинси шутурҳо дар Америкаи Ҷанубӣ, Арабистон), маймун, хук ва парандаҳо метавонанд манбаи сирояти вирус бошанд. Таҳқиқоти дар Хитой, Италия, Япония ва Федератсияи Россия доиргардида нишон дод, ки соҳибони эҳтимолии вирус ду намуд мори заҳрноки оилаи аспидҳо — крайти бисёрраха ва кобраи хитоӣ маҳсуб мешаванд. Гумони ғолиб он аст, ки дар ҷисми мор дурагаеро ба вуҷуд оварданд, ки он сафедаи нави сатҳиро ҳосил намуда, бо ин васила тавонист ҳуҷайраи инсонро заҳролуд созад.

– Андешае мавҷуд аст, ки бар асари коронавирус дар қиёс ба занҳо мардон ду маротиба бештар мефавтанд. Ин оё асос дорад?

– Бале. Натиҷаи пажӯҳиш дурустии ин гуфтаро собит намудааст. Мувофиқи яке аз назарияҳо, вокуниши сироятнопазирӣ ба ваксинаҳо ва барангезандаҳои патогенӣ дар занон нисбат ба мардон самарабахш аст. Мутахассисон ин ҷанбаро ба мавҷудияти ду хромосома дар организми занон вобаста медонанд.

Маҳз бо ин сабаб вокуниши сис­темаи сироятнопазирии занон ба вируси тоҷдор бештар мегардад. Ба ғайр аз ин, одатҳои бад (тамокукашӣ, истеъмоли зиёди машруботи алкоголӣ, маводи психотропӣ) ва ғайра, ки аксар мардон ба онҳо майл доранд, сабаби зиёдтар осебпазир будани онҳост .

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Роҳи тоҷикӣ: чаро Тоҷикистон қарантина накард?

– Хушбахтона, ба шарофати тадбирандешӣ шиддати гирифторшавӣ ба коронавирус дар кишвар паст шуд. Аммо боиси нигаронист, ки баъзе аз шаҳрвандон талаботи ҳатмӣ, ки пӯшидани ниқоб яке аз онҳост, сарфи назар карда истодаанд. Чунин фориғболӣ чӣ пайомад дошта метавонад?

– Пайомади ногувор, ки ҳоҷат ба шарҳу эзоҳи зиёд надорад. Ҷоиз ба зикр аст, ки усулҳои табобати коронавирус, аз ҷумла, муолиҷаи оксигенӣ, дастгирии респираторӣ, табобати зиддикоагулянтӣ таҷрибавӣ маҳсуб мешаванд. Бояд дарк намоем, ки миёни доруворие, ки дар ин маврид истифода мегарданд, ягонтоаш ба коронавирус мустақиман таъсиргузор нест. Ба ибораи дигар, танҳо ақл метавонад дар муқобили коронавирус ҷавшан бошад.

Шоҳид ҳастем, ки дар кишварҳои дигар, бо вуҷуди хеле кам гардидани ҳолатҳои сироятёбӣ, дар самти эҳтиёткорӣ муносибати дуюмдараҷа карданд. Бояд дар мадди назар дошта бошем, ки чунин бетафовутӣ метавонад замина барои хурӯҷи такрории коронавирус гардад.

Бо дарназардошти ин, методҳои иҷтимоии ҳифозат, ки риояи гигиенаи шахсӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб аз ҳамон ҷумлаанд, бояд ба ҳеҷ ваҷҳ сарфи назар нагардад.

Лентаи хабарҳо
0