Баҳси чойи хунук бо худкушии зану ҳабси шавҳар анҷомид: фоҷиа дар оилаи Раҳимовҳо

© Sputnik / Стас ЭтвешГрадусник с горячим чаем
Градусник с горячим чаем - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Раҳимов Гуломҷонро барои ба худкушӣ расондани ҳамсараш Онаҷон Раҳимова ба 6 соли зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, худкушии зан дар пайи ҷанҷоли охир барои чойи хунук рух додааст.

Участие президента в заседание НДПТ Народно-демократическая партия Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Раиси нав аз оилаи Фелалиевҳо: розигии Раҳмон барои тағйирот дар раёсати ҳизб дар ВМКБ

Ба иттилои Додситонии кул,  Раҳимов 11 феврали соли 2020 тахминан соати 21:00 дақиқа, ҳамсараш Раҳимоваро бо баҳонаи он, ки ба ӯ чойи хунук наовардааст, дар бистари хобаш бо дастонаш зада, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.

"Дар натиҷа Раҳимова 13 феврали соли 2020 тахминан соати 17:30 дақиқа дар болои боми оғилхонаи манзили истиқоматиаш бо роҳи худовезӣ худкушӣ кардааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ тавзеҳ додаст, ки Раҳимов Гуломҷон Элашович, сокини деҳаи Гулафшони ҷамоати деҳоти "Ҳаёти нав"-и ноҳияи Ҷ.Расулов 8 ноябри соли 2001 бо шаҳрванд Раҳимова Онаҷон Исроиловна ақди никоҳ баста, давоми зиндагии якҷояашон мунтазам ҷанҷолу муштзӯрӣ мекардааст.

Додгоҳи ноҳияи Ҷ.Расулов шавҳарро барои ба худкушӣ расонидани ҳамсараш ба муҳлати 6 сол равонаи зиндон кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала