Суръати сохтмон дар Тоҷикистон 24 дар сад афзоиш ёфтааст

© SputnikСтроительство нового дома в Душанбе
Строительство нового дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар панҷ моҳи соли равон бинои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 365,2 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 24,6% зиёд аст

ДУШАНБЕ, 19  июн — Sputnik.  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд,  дар кишвар суръати сохтмони манзил дар ҳоли афзоиш аст.

Ба иттилои манбаъ, афзоиши сохтмони манзил дар бахши хусусӣ, ки асосан биноҳои истиқоматии 1 ва 2-ошёна сохта мешаванд, ба назар мерасад.

"Дар панҷ моҳи соли равон бинои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 365,2 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 24,6% зиёд аст", - гуфтааст ин ниҳод.

Ин ниҳод гуфтааст, айни замон биноҳои баландошёна асосан дар шаҳрҳо ва марказҳои вилоятҳо сохта мешаванд, ки дар онҳо системаи канализатсия мавҷуд аст.

Строительство нового дома в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон дар баробари афзоиши нархи манзил сохтмон низ афзоиш ёфтааст

Манбаъ мегӯяд, танҳо дар Душанбе дар ин давра 62,3 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.

Ба гуфти  Кумитаи меъморӣ, набудани системаи канализатсия дар бисёр шаҳрҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон сохтани бинои бисёрошёнаро душвор мегардонад.

Иттилоияи Кумитаи меъмории Тоҷикистон дар ҳолест, ки коршиносон аз коҳиши сохтмонҳо бинобар пандемияи коронавирус мегӯянд.

Ба таъкиди коршиносон, агар қаблан дар Тоҷикистон одамон малағро барои хариди хонаҳо ба биноҳи навсох медоданд, ҳоло вазъ дигар шудааст ва сокинон кӯшиш мекунанд, ки пасандозҳои худро сарф накунанд.

Гуфта мешавад, камшавии якбораи интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, асосан аз Русия, ба соҳаи сохтмон низ таъсир мерасонад.

Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон ахиран аввали солӣ ҷорӣ гуфта буд, ки таи 7 соли ахир дар ин кишвар наздик ба 8 миллион метри мураббаъ манозили маскунӣ ба баҳрабардорӣ расида.

 

Лентаи хабарҳо
0