Панҷ парвоз аз Душанбе ба Русия то июл: рӯзҳои хатсайр дақиқ шуданд

CC0 / Pixabay / Самолет на закате, архивное фото
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои наздик ба Русия аз кишварҳои гуногун бештар аз 30 парвози махсус анҷом дода мешаванд, аз ҷумла панҷ парвоз аз Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Вебгоҳи "Госуслуги" (Хизматрасониҳои давлатии Русия) рӯзҳои парвозҳои махсус ба Русияро, ки шаҳрвандони ин кишвар оварда мешаванд, нашр кардааст.

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хушхабар: аз 25 - июн парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон оғоз меёбанд

Ҳамин тавр, манбаи мазкур торихи 5 парвози махсус аз Душанбе ба Русияро низ муайян намудааст. 

Аллакай  22 июн аз Душанбе ба Новосибирск ва Екатеринбург ҳавопаймо ба ҳаво мехезад.

Хатсайри SVR8958 соати  14:25 бо вақти маҳаллӣ анҷом дода хоҳад шуд.

Парвози дигар Душанбе-Маскав 25 июн суръат мегирад. Феълан рақами хатсайр ва вақти парвоз муайян нест. Рӯзи дигар, яъне 26 июн як парвози дигар ба самти Қазон аз Душанбе муайян шудааст.

Ҳамчунин, интизор меравад, ки 30 июн аз Душанбе ба Новосибирск як хатсайри дигар шавад. 

Якуми июл аз Душанбе ба Маскав шаҳвандони Русия интиқол дода хоҳанд шуд.

Пештар дар вебгоҳи "Госуслуги" аз шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон қарор доранду ба кишвар баргаштан мехоҳанд, хоҳиш карда мешуд, ки барои сафар сараввал худро дар сайти мазкур ба қайд гиранд.

Пештар ВКХ Тоҷикистон хабар дод, ки Тоҷикистон зина ба зина аз 25 июн шаҳрвандонашро тариқи хатсайрҳои махсус ё чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон хоҳад бурд.

Марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои ватании "Тоҷик-Эйр" ва "Сомон-Эйр" ба самти шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги  Русия ва аз ин шаҳрҳо ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд.

Посадка пассажиров в самолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фирефта нашавед: Сафорат гуфт, чиптаҳоро аз кӣ ва бо кадом нарху тартиб бояд харид
Дертар Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар пайи нашри хабарҳо дар бораи оғози парвозҳои чартерӣ шарҳ додааст, ки чиптаҳо бо кадом тартибу нарх бояд харидорӣ шаванд.

Сафорати гуфт, ки баруйхатгирии шаҳрвандон барои баргаштан ба Ватан тавассути комиссияи назди Сафорат анҷом дода мешавад.

Сафорат таъкид кардааст, ки маълумот дар бораи рӯзи парвозҳо ва аз куҷо харидани билети ҳавопаймо, пас аз тартиб додани руйхати мусофирон эълон мегардад.

"Тартиб додани руйхат тибқи муроҷиати шаҳрвандон ба суроғаи электронии charter-russia@mfa.tj сурат мегирад. Нархи билетҳо аз тарафи ширкатҳои ватании “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” муайян гардида, фурӯши билетҳоро низ, он ширкатҳо таъмин менамоянд, ки ҳамчунин шаҳрвандон огоҳ карда мешаванд", - омадааст дар эълони сафорт.

Боз як хатсайр аз Душанбе ба Русия: рӯзи парвоз дақиқ шуд

Намояндагии Тоҷикистон дар Русия аз ҳамватанон хоҳиш кардааст, ки фирефтаи қаллобон ва дигар шахсони ғаразнок нашуда, аз ягон нафаре билети ҳавопаймо нахаранд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала