Роҳро кушоданд: бештар аз 650 шаҳрванди Тоҷикистон аз Ӯзбекистону Қазоқистон оварда шуданд

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксПункт пропуска на границе, архивное фото
Пункт пропуска на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи кишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон дар монда буданд, ба ватан оварда шуданд. мақомоти ин кишвар махсус барои дармондагон роҳро кушоданд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бештар аз 650 шаҳрванди Тоҷикистон аз Ӯзбекистону Қазоқистон оварда шуданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати ВКХ аз тоҷикистониён: ба марзи Қазоқистон ва Ӯзбекистон наравед

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз, 20 июн 553 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи "Жибек Жоли"-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. 

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин имрӯз беш аз 100 шаҳрванди кишвар, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд, ба Тоҷикистон оварда шуданд.

"Дар ин росто ба мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мусоидати фаврӣ ҷиҳати убури бемамониати сарҳад ва ташкили долони транзитии мустақим барои ҳаракати шаҳрвандони кишвар ва ба Созмони ҷаҳонии муҳоҷират барои мусоидат дар пешниҳоди воситаҳои нақлиёт барои интиқоли ҳамватанон изҳори сипос мегардад",- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала