Табобати ҷадиди вируси корона бо хуни гов

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкКорова крестьянско-фермерского хозяйства
Корова крестьянско-фермерского хозяйства - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишмандон мегӯянд, озмоиши инсонии дармони ҷадиде барои коронавируси ҷадид, ки аз пласмои хуни гов ба даст меояд, аз моҳи оянда шуруъ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Донишмандони муассисаи дармоншиносии зистии “SAB” дар ҳоли ҳозир машғули кор рӯйи маҷмӯае аз антибодиҳо ё подтанҳои мухталиф ҳастанд, ки ба подтанҳои поликлонал (polyclonal) маъруфанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба Исна.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Ғоибов дар бораи фориғболии тоҷикистониён, хатари COVID - 19 ва ягона роҳи ҳифозат

Бино бар иттилои манбаъ, ин подтанҳо, ки дар бадан инсон сохта мешаванд метавонанд як организм ё вируси муҳоҷими хосро дафъ ва аз густариши он ҷилавгирӣ кунанд.

Подтанҳои поликлонали ин муассиса, ки қаблан барои муолиҷаи бемориҳои мерс (mers) ва онфлонзо истифода шудааст, дар ҳоли ҳозир бо истифода аз хуни гов алайҳи коронавируси ҷадид озмоиш мешаванд.

Генҳо аз системаи эминии бадани инсон, ки боиси тавлиди подтан дар бадан мешавад, ба говҳо тазриқ шудааст, ки дар натиҷа онҳоро қодир мекунад бо он чи ки бадани онҳо уфунат ё вирус ташхис медиҳад, муқобила кунанд.

Донишмандон мегӯянд, истифода аз говҳо ба ин далел аст, ки ин ҳайвонот эминии қавитаре нисбат ба инсон доранд ва метавон миқдори бисёр зиёде пласмо -ҳар моҳ байни 30 то 45 литрро аз ҳар ҳайвон ба даст овард.

Озмоишҳои инсонии ин дармони ҷадиди коронавирус аз моҳи ояндаи мелодӣ оғоз мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0