Тағйироти кадрии Рустами Эмомалӣ бо розигии Президент: супоришҳо ба тими нав

© котиботи шаҳрдории ДушанбеКадрҳои навтаъйин дар шаҳрдории Душанбе
Кадрҳои навтаъйин дар шаҳрдории Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо розигии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи пойтахт тағйироти кадрӣ амалӣ намуда, мақомдорони навтаъйинро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, бо розигии раисиҷумҳури Тоҷикистон,  Сафаров Шарифхон Нураҳмадович ба мансаби муовини якум, Мусозода Илҳом Хол ва Шарифзода Наргис Достӣ ба мансаби муовинони раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъйин гардиданд.

Пистолет - Sputnik Тоҷикистон
27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

“Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби муовини аввал, Сафарбекзода Шарофиддин Сафарбек ва Табарӣ Мавҷуда Ҳабибулло аз мансаби муовинони раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинобар ба кори дигар гузаштан озод гардиданд”, - омадааст дар иттилоия.

Шаҳрдорӣ афздуд, ки ҳамзамон Аловиддинов Шодимурод Уроқович ба мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Раҷабов Абдулазиз Ваҳобович ва Шукурова Саодат Нусратуллоевна ба мансаби муовинони раиси ноҳияи Фирдавсӣ таъин гардида, Хушзода Шералӣ Содиқ аз мансаби муовини якум, Маҳмудиён Нозилшоҳ Ҳаким ва Маҳмадзода Назокат Киромиддин аз мансаби муовинони раиси ноҳияи Фирдавсӣ бинобар ба кори дигар гузаштан озод карда шуданд.

Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода - Sputnik Тоҷикистон
Ҳоли Иноятзода, раиси барканоршудаи Кӯлоб ва афзоиши дубораи беморон дар шаҳр

Ҳамчунин Қодирзод Руслан Раҷаб, Исматов Исуф Қузратович ва Каримова Ашурбӣ Одинаевна ба мансаби муовинони раиси ноҳияи Сино таъин шуда, Саидмуминзода Аббос, Гулов Зафар Шамсуддинович ва Маҳмуродзода Муҳаррам Бурӣ аз мансаби муовинони раиси ноҳияи Сино бинобар ба кори дигар гузаштан озод гардиданд.

Бо қарорҳои раиси шаҳр Саидмуминзода Аббос ба мансаби сардори Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Зуҳурова Зарина ба мансаби сардори Раёсати кор бо занон ва оила, Ҳаётзода Бозоралӣ Ҷаббор директори Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷавонон" ва Гулзода Зафар Шамсуддин директори Корхонаи воҳиди давлатии "Баҳодиҳӣ"(нархгузорӣ)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъйин карда шуданд.

Котиботи шаҳрдорӣ мегӯяд, дар ҷараёни мулоқот раиси шаҳри Душанбе кадрҳои навтаъйиншударо ба хизмати поквиҷдонона ва азму иродаи қавӣ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ даъват кардааст.

Раиси шаҳр таъкид намудаст, ки шарафёб гардидан ба боварии раисиҷумҳури Тоҷикистон, натиҷаи заҳматҳои аҳлона ва содиқона дар ҳокимияти иҷроияи маҳаллаӣ буда, тағйироти кадрӣ ба хотири беҳбудии кори соҳаҳо амалӣ карда мешаванд.

Эмомали Рахмон, Шавкат Мирзиёев и Нурсултан Назарбаев на саммите в Эр-Рияде. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз гирифтор шудани Назарбоев ба коронавирус

Дар қаторҳои ҳадафҳои гузошта пеши тими нав, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳо, тақвият бахшидани  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон,  пурзӯр намудани корҳои назоратӣ дар самти сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва бе иҷозати дахлдор оғоз кардани корҳои сохтмонӣ, назорати дурусти риояи меъёрҳои меъмориву сохтмонӣ дар ҳама гуна сохтмонҳо сарфи анзар аз мансубият, иҷроиши босифати нақшаи андоз, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, муомилаи хуб намудан бо кормандон, назорат ва тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 солагии истиқлолияти давлатӣ, беҳтар ба роҳ мондани кори низоми билингии хизматрасониҳои коммуналӣ, назорати риояи меъёрҳои беҳдоштӣ дар ҳама гуна нуқтаҳои хизматрасонӣ сарфи назар аз мансубияту тобеият номбар гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0