Тоҷикистон аз тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақл дар гузаргоҳҳои марзӣ эълом кард

© Фото : пресс-служба правительства КРФуры на границе Казахстана и Кыргызстана
Фуры на границе Казахстана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон доштааст, ки ба тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақли байналмилалӣ аз гузаргоҳҳои cарҳади Тоҷикистон тағйирот илова гардид

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, бо мақсади соддагардонии раванди гузариши воситаҳои нақлиёти боркаш аз гузаргоҳҳои cарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Тартиби муваққатӣ оид ба  танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагири COVID-19 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо ворид шуданд.

Сотрудники пограничной службы на пункте пропуска Кен-Булун автодорожный на границе Кыргызстана и Казахстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистон ба рӯйи кадом ҳамсоягонаш боз мондааст?

Манбаъ қайд намудааст, ки тибқи тағйироти қабулшуда, дар сурати будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи натиҷаи манфии тести коронавирус, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор содир шудааст, ба ронандагони воситаҳои нақлиёти хориҷӣ вуруд то нуқтаи таъйинотӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба муҳлати то панҷ шабонарӯз иҷозат дода мешавад.

Мамнӯъ шудани вуруди ронандаҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон

“Ҳамчунин воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи борҳои башардӯстона дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз пардохти хидматрасониҳои терминалӣ озод шудаанд”, илова кардааст Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки дар моҳи апрел тартиби муваққатӣ, ҳаракати нақлиёти боркаши байналмилалии автомобилӣ ва ронандагони онҳо то терминалҳои наздисарҳадии фаъолияткунанда ва дар ҳолати мавҷуд набудани чунин терминалҳо то минтақаи назорати гумрукии дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳади давлатӣ иҷозат дода шуда ва дар минтақаи мазкур барасмиятдарории гумрукӣ анҷом дода мешуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала