Ҷашнҳои рӯзи 20 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 20 июня
День 20 июня - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи бистуми июн дар ҷаҳон аз Рӯзи байналмилалии паноҳандагон ва нигаҳдории филҳо дар боғи ҳайвонот мебошад

Рӯзи 20 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1881 дар Нижний Новгород аввалин маротиба дар таърихи Русия алоқаи телефонӣ ба роҳ монда шуд.

 

© REUTERS / Gleb GaranichТелефон в центре управления остановленного третьего реактора на Чернобыльской атомной электростанции
Ҷашнҳои рӯзи 20 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Телефон в центре управления остановленного третьего реактора на Чернобыльской атомной электростанции

Соли 1933 дар Иттиҳоди Шӯравӣ Прокуратураи генералӣ таъсис дода шуд.

 

Соли 1950 Ҳизби коммунистии Африқои Шимолӣ баста шуд.

День 19 июня - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 19 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1954 дастаи футболи Германия дастаи Швейтсарияро бо ҳисоби  8:3 мағлуб кард, ки ин бозӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ҳамчун рекорди таърихӣ ном бурда мешавад.

Соли 1967 боксёри машҳур Муҳаммад Алӣ  бо ҳукми суди Хюстони ИМА барои рад кардани хизмат дар Артиши Амрико  ва иштирок накардан дар ҷанги  Ветнам ба муддати 5 сол ҳабс  ва 10 000 доллар ҷарима карда шуд.

Рӯзи 20 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Сли 2008 дар шаҳри Душанбе  Сафорати Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.

Соли 2011 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конференсияи вазирони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба анҷом расид.

Ҷашнҳои рӯзи 17 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони ИДМ ба Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфтанд.

День 18 июня - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 18 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми "СММ-Об" оид ба масоили Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми давлатҳо даъват ба амал оварданд, ки тавассути амалҳои мушаххас дар соҳаи об ва санитария чораҳои зарурӣ андешанд, то Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об пурсамар ҷамъбаст гардида, натиҷаҳои бадастомада дар солҳои минбаъда барои некӯаҳволии мардум ва муҳити зисти устувор истифода шаванд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе миёни Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мири шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Кэтсин доир ба роҳҳои гуногуни ташкил ва густариши ҳамкорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои омодаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

Ҷашнҳои рӯзи 20 июн

  • Рўзи байналмилалии паноҳандагон.
  • Рӯзи байналмилалии нигоҳдории филҳо дар боғи ҳайвонот.
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони хоҷагии газ.
  • Дар Аргентина — Рӯзи Парчами миллӣ
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала