Ҳушдори обуҳавошиносон: гармӣ дар Душанбе то 41 дараҷа мерасад

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушки с веером в Таджикистане
Девушки с веером в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки имрӯз ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 19+21 ва  рӯзона 39+41 дараҷа гарм мешавад.

Улица города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 41дараҷа гарм мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 19+24 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 27+32 дараҷа  гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан суст  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 4+9 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 36+41  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0