Вазорати саноат: дар соли равон барои МГБ-2 беш 1 миллион тонна ангишт захира хоҳад шуд

© Sputnik Амир ИсаевТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото
ТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати саноат таъкид доштааст, ки то санаи 1 Июни соли равон барои эҳтиёҷоти МБГ-2 шаҳри Душанбе аллакай 210,3 ҳазор тонна ангишт кашонида шудааст

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати саноати Тоҷикистон, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, барои эҳтиёҷоти МБГ-2 шаҳри Душанбе 1 млн 100 ҳазор тонна ангишт захира хоҳад шуд.

Добыча угля. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон

Тибқи иттилои манбаъ, то санаи 1 июни соли равон барои эҳтиёҷоти МБГ-2 шаҳри Душанбе аллакай 210,3 ҳазор тонна ангишт кашонида шудааст ва захираҳои мавҷуда дар анборҳои корхонаҳо ва истихроҷи шабонарӯзии ангишт дар конҳо имконият медиҳад, ки тақвият дода шавад.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки бинобар мавсимӣ будани фаъолияти истеҳсолӣ айни замон корхонаҳои КФ “КА Зиддӣ”, ҶСК “Ангишти Камароб”,  ҶДММ “Ганҷ К” корҳои омодасозии роҳҳои конҳоро анҷом дода истодаанд.

“Рӯзҳои наздик ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудани КФ “КА Зиддӣ” дар кони ангишти “Зиддӣ” дар назар аст. Аз сабаби боришҳои пай дар пайи аввали соли равон роҳҳои техникии ҶСК “Ангишти Камароб” зарари зиёд дидаанд. Айни замон барқарорсозии корҳо тибқи иттилои роҳбарияти корхона идома дорад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Вазорати саноат зикр кардааст, ки оғози фаъолияти истеҳсолии корхонаи мазкур дар минтақаи “Камароб”-и кони ангишти “Назар-Айлоқ” дар нимаи дуюми моҳи июл дар назар дошта шудааст ва корхона барои таъмини иҷрои нақшаи тасдиқшуда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала