Ғарқшавии ҷавони 17-сола дар Душанбе: ҷасадаш аз шафати "Яккасарой" пайдо шуд

© Sputnik / Амир ИсаевРека "Душанбинка". Архивное фото
Река Душанбинка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавон мехост аз соҳиле ба соҳили дигар убур кунад, вале марг ӯро миёни дарё дарёфт. Ҷасади ҷавон аз ҷониби наҷотдиҳандагони КФҲ дарёфт шуд

ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз ғарқшавии як ҷавони 17-сола хабар медиҳад.

Бино ба гузориши ин ниҳод, баъд аз зӯҳри рӯзи 20 июни соли 2020, тахминан соати 15:00 дақиқа як  сокини ноҳияи Синои пойтахти кишвар ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст.

"Ба муҷарради дарёфти хабар гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд ва соати 16:15 дақиқа ҷасади марҳумро аз дарё берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд", - омадааст дар хабарнома.

Маълум шуда, ки шаҳрванди ғарқшуда ҳамагӣ 17 сол доштааст. Вай ҳангоми убур аз соҳил ба соҳили дигари дарё ғарқ шудааст.

Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ: дар кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон 28 нафар ғарқ шуданд: 9 ноболиғ

Мори рамида дар манзили сокини Душанбе ва об дар таҳхона

Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасадро дар қаламрави ноҳияи Фирдавсии пойтахт, дар шафати тарабхонаи "Яккасарой" пайдо карданд.

Садамаи бинои истиқоматӣ дар Душанбе ва кӯчонидани 72 сокин ба ҷойҳои бехавф

Манбаъ афзуда, ки ҳуввияти ғарқшуда маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0