Арабистони Саудӣ ҳаҷро барои зиёраткунандагон аз хориҷа бекор кард

© AFP 2021 / BANDAR ALDANDANIПустота охватила Каабу
Пустота охватила Каабу  - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Арабистони Саудӣ дар робита ба пандемия аз коронавирус сафари ҳаҷро барои зиёраткунандагон аз хориҷа лағв карданд

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik.  Арабистони Саудӣ бар асари пандемияи коронавирус имсол ҳаҷро барои ҷойҳои муқаддаси ислом дар Макка ва Мадина бекор кард, хабар медиҳад Вазорати умури ҳаҷ ва умра.

Возвращение таджикских паломников из хаджа - Sputnik Тоҷикистон
"Ҳаҷ-2020" доир намешавад?: Шӯрои уламо гуфт, маблағҳои ҷамъкардаро ба куҷо сарф кард

"Бо сабаби пандемияи коронавирус ва хатари ин вирус ба мардуми зиёд, маросими ҳаҷ дар соли 1441 тибқи тақвими мусалмонӣ (соли 2020 - тибқи тақвими масеҳӣ), бо шумораи маҳдуди зиёратгарони миллатҳои мухталиф, ки дар қаламрави кишвар ҳастанд, гузаронида мешавад”-афзудааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, чунин тасмим барои  бехатарии саломатии мардум гирифта шудааст.

Қаблан мақомоти Арабистони Саудӣ аз мусалмонон даъват карда буданд, ки омодагиро барои зиёрати Макка то дақиқ шудани вазъ бо коронавирус ба таъхир андозанд.

Имсол давраи ҳаҷ ба 28 июл - 2 август рост меояд.

Ҳамасола беш аз 3 миллион нафар дар маросимҳо ва расму оинҳои Ҳаҷ ширкат мекунанд, ки беш аз 2 миллион мусулмон, аз хориҷ вориди Арабистон мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала