Аз манъи кори якҷояи наздикон то эълони дороиҳои бонкирҳо: иловаҳо ба қонуни умури бонкӣ

© Sputnik Бизнесмены в офисе
Бизнесмены в офисе - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири Шӯрои хеш тағйирот ба лоиҳаи қонун "Дар бораи фаъолияти бонкӣ"-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон имкон дорад кори муштараки хешовандони наздик дар бонкҳои давлатӣ манъ шавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ.

Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”ва “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”  ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз қабули лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида ин пурзӯр намудани низоми назорат аз болои фаъолияти бонкҳо ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории ҷорӣ ва амалияи пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳамин тавр, яке аз тағйиротҳо бо мақсади роҳ надодани фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзии давлатӣ ва пешгирии хавфҳои амалиётӣ аз амалу беамалии онҳо ҳангоми гузаронидани амалиётҳои бонкӣ илова карда шудааст, афзудааст манбаъ.

Бонки миллӣ Алифбонкро 500 ҳазор сомонӣ ҷарима кард

Ба иттилои Султонов ба моддаи 25 қонуни амалкунанда қисми 3 ворид карда шудааст, ки пешниҳод намудани эъломияҳо дар бораи андоз аз даромад ва вазъи молумулкии кормандони ташкилотҳои қарзии давлатиро (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) муайян менамояд. 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала