Дар Дарвоз корхонаи саноатӣ фаъол мешавад-аксҳо

© Фото : Аз саҳифаи фейсбуки Нилуфар АсламшоеваРоҳи Дарвоз
Роҳи Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То даҳаи аввали моҳи августи соли равон дар деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози ВМКБ корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз менамояд

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ба иттилоъи масъулини ин тарҳи саноатӣ- иқтисодӣ, таъсису роҳандозии чунин корхонаҳо дар кӯҳистони кишвар тақозои давр буда, вобаста ба талаботи бозор маҳсулот мебароранд.

“Дар ҳоли ҳозир, барои насбу оғози фаъолияти ин корхона 7 вагони таҷҳизоти зарурӣ аз давлати Чин харидорӣ шуда, пас аз муддате ба Тоҷикистон мерасанд. Интизор меравад, дар корхонаи калсити Вишхарви Дарвоз истеҳсоли мавод барои ранг, пластик ва шпаклёвка (барои автомобил ва таъмири биноҳо) ба роҳ монда шавад”, - хабар додаст рӯзноманигор Хилавтшоҳи Маҳмуд аз қавли масъулини корхона.

Манбаъ афзуд, ифтитоҳи корхона барои беш аз даҳҳо нафари дигар дар ин минтақаи кӯҳистон ҷойи кор ва шароити беҳтари рӯзғорро муҳайё месозад.

Лентаи хабарҳо
0