Дар Русия барои поси хотири 27 миллион шаҳрвандони собиқ Шӯравӣ шамъ афрӯхтанд - навор

Анқариб дар тамоми гӯшаю канори Русия барои пос доштани хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ шамъ афрӯхта шуд

Шаби 22 - юми июн дар сартосари Русия, аз қурбониёни ҶБВ ёд меоварданд. Барои пос доштани хотири ҳамаи иштирокчиён, ки қурбони ин ҷанги хунин шуданд, дар тамоми гӯшаю канори Федератсияи Русия мардум шабҳангом ба кӯчаҳо баромада, шамъ меафрӯхтанд.

Более миллиона человек из 60 стран исполнили песню День Победы - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Наздики ҳазор шамъ ба хотири 27 миллион шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон бохтанд, сӯзонда шуд.

Иқдоми "Шамъи ёдбуд" ҳамасола барои поси хотири неки қурбониёни ҶБВ роҳандозӣ мешавад.

Суханронии Путин ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ: пахши зинда анҷом ёфт

Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала